Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 июни соли 2019 Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар қатори дигар масъалаҳо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуда, муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Хусрав Лутфулло, Раҳмонзода Маҳмад Шариф ва Ҳаким Рухшона Аскар судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ҳамчунин дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамов Аҳтам Маҳрамович бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонистан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардид.

Бозгашт ба рӯйхат