НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 22 июли соли 2019 дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» вобаста ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 бо таври мухтасар ба намояндагони ВАО ахборот пешниҳод гардид.
IMG_6008.JPGҚайд карда шуд, ки дар давраи нимсолаи аввали соли 2019 ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 84071 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 659 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора судҳо 74182 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд, ки назар ба нимсолаи якуми соли гузашта 567 адад кам шудааст.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 6838 ададро парвандаҳои гражданӣ, 19381 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5355 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 28261 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 9747 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомотҳо ташкил медиҳанд.
Аз ҷониби судҳо вобаста ба вайрон кардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 375 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 375 шахс баррасӣ шуда, ба 368 шахс ба маблағи умумии 1776370 сомонӣ ҷарима татбиқ шудаст.
Шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад ба 10183 адад расида, бо 9267 парванда нисбати 9267 нафар қарор қабул карда шудаст. Дар маҷмӯъ нисбати 3628 нафар огоҳӣ ва нисбати 5639 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 939265 сомонӣ таъин гардидааст.
Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо 1517 маротиба дар мавзӯҳои ҳуқуқӣ баромад карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 626 хабару мақолаҳо ба нашр расонида, дар 57 конфронсу семинарҳо иштирок ва дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ 6155 вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
IMG_5974.JPGБо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 10547 таъинотҳои хусусӣ бароварда, 398 ҷамъбастиҳои амалияи судиро гузаронида, ба мақомоти дахлдор 489 адад пешниҳодҳо ирсол намуданд. 
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат оиди ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, дар нимсолаи якуми соли равон бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ 843 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2018 ин шумора 57 адад зиёд мебошад.
Дар рӯзҳои корӣ бошад, аз ҷониби муовинони Раиси Суди Олӣ ва раисони коллегияҳои судӣ 43 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар 7 давра 211 нафар кормандони соҳа ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 95 нафар судя, 58 нафар коромӯз-судя дар давраи сеюм ва 58 нафар коромӯз-судя дар давраи чорум мебошанд. Инчунин 395 нафар судяҳо ва коромӯз - судяҳо ба бозомӯзии мавзӯъҳое, ки аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, фаро гирифта шуданд.
Бо мақсади беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар нимсолаи дуюми соли 2019 амалӣ намудани чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаст:
- баҳри беҳтар кардани сифати таҳияи санадҳои судӣ Маркази таълимии судяҳо вазифадор карда мешавад, ки дар барномаҳои таълимии такмили ихтисоси судяҳо мавзӯҳои алоҳидаро вобаста ба тартиби таҳияи санадҳои судӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо ворид намояд;
IMG_6126.JPG
- баҳри аз байн бурдани шароиту сабабҳои ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидаткунанда судяҳо вазифадор карда шуданд, ки оид ба ҳар як ҳолати ошкоршавии риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва муқаррароти қонун, ки зимни пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ роҳ дода шудааст, таъиноти хусусӣ қабул карда, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта ирсол намоянд;
- аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ гузаронидани ҷамъбасти амалияи баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба кам кардани синни никоҳӣ ва оид ба камбудиҳои дар ин самт ошкоргардида ба мақомоти дахлдор ирсол кардани пешниҳодҳо;
- идома додани таҷрибаи расонидани ёрии амалӣ ба судҳои ҷумҳурӣ ва ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб кардани судяҳо;
- пурзӯр намудани назорати иҷрои санадҳои судӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани ҳамкории судманд бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тақвият бахшидан ба раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон ва тавассути воситаҳои ахбори омма вобаста ба риояи Конститутсия ва қонунҳо, бахусус қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

Бахши иттилооти Суди Олӣ

Бозгашт ба рӯйхат