ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-17 феврали соли 2024 дар мавзӯи «Стандартҳои мурофиаи судии одилона» бо иштироки судяҳои суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, судяҳои судҳои шаҳру ноҳияи тобеи марказ ва коромӯз судяҳо тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Тренинги мазкур дар доираи Ташаббуси “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони  ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Ба ҳайси тренерон судяҳои Суди Олӣ Ҳаким Р.А. ва Холиқмуродзода Д.А. баромад намуда, иштирокчиёни тренинг оид ба ҷанбаҳои муҳими стандартҳои байналмилалӣ ва таҳкими мустақилияти судяҳо дар самти риоя намудани стандартҳои байналмилалии мурофиаи одилона шиносоӣ пайдо намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат