НОСИРИ ХУСРАВ

Носири Хусрав – нависанда, файласуф, шоир, адиб, мутафаккири барҷастаи тоҷик соли 1004 дар шаҳри Қубодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъд гирифтани маълумоти ибтидоӣ Носири Хусрав таҳсилро дар мадрасаи Балх давом дод. Дар давоми таҳсил махсусан ба омӯзиши илмҳои фалсафа, мантиқ ва табиатшиносӣ бештар майл зоҳир мекард. Носири Хусрав солҳои 30-юми асри XI ҳамчун шоир ва олими забардаст ном баровард. Муддате дар даргоҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар корҳои маъмурии молиявӣ хизмат кардааст. Соли 1045 Носири Хусрав бо бародараш Абусаид ба сафар баромад. Ин сафараш 7 сол давом карда, ӯ аз Эрони Ғарбӣ, Ироқ ва Арабистону Миср дидан карда, ба ватани худ баргашт.

Китоби "Сафарнома" мушоҳидаҳои нависандаро аз сафари ҳафтсола бо насри равону сода инъикос кардааст. Ин асар аҳамияти бадеию таърихӣ дорад, ҳодисаҳои он вокеӣ мебошанд.

Нависанда ҳар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки ҳосил кардааст, ҳамон хел айнан баён намудааст. 

Девони ашъори Носири Хусрав аз қасидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ, ғазалхо, рубоиҳо ва қитъаҳо иборат буда, 11000 байтро ташкил медиҳад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гиромидошти фарзанди барӯманди халқи тоҷик Носири Хусрав яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба номи шоир гузошта шудааст.


Бозгашт ба рӯйхат