ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ яке аз нобиғагони назми классикии форсу тоҷик буда, тахминан соли 1207 ба дунё омадааст.

Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурмаҳсул ва рангоранг буда, аз ҷиҳати навъи сухан назму насрро ташкил медиҳад ва ӯ бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.

Бузургтарин ва машҳуртарин асари Ҷалолуддини Балхӣ «Маснавии Маънавӣ» мебошад, ки барои таълифи он шоир зиёда аз 10 соли ҳаёти худро бахшидааст. «Маснавии Маънавӣ» аз шаш дафтар иборат аст.

Панду андарз ташбеҳи одобу ахлоқ яке аз анъанаҳои хеле қадими форсу тоҷик ба шумор меравад. Мавзӯи инсондӯстӣ дар осори нобиғаҳои ҷаҳонӣ яке аз мавзӯъҳои марказӣ маҳсуб меёбад ва Мавлоно низ дар тарбияи инсон дар руҳияи ватандустӣ ва ватанпарварӣ саҳми босазо гузоштааст. Ӯ яке аз мумтозтарин талқинкунандаи панду ахлоқ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таълимоти ахлоқии ӯ сар то сари андешаӽои инсондӯстӣ буда, дар он мавзӯи заҳматҳои инсон дар роҳи такомули руҳии худ мақоми хоса дорад. Ба қавли Мавлоно холиқи афзоли худи инсон ва ҳар феъле, ки аз ӯ содир мешавад, марбут ба худи ӯст.

Ба хотири гиромидошти шоир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон ба номи шоир гузошта шудааст.


Бозгашт ба рӯйхат