НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад, таъкид доштанд Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 28 декабри соли 2023 ироа гардид. Ҳамчунин дар ҳамин Паём Сарвари давлат вобаста ба 30- солагии қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷомеа таъкид намуда, чунин иброз доштанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Лозим ба ёдоварист, ки бо қабули Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон бори аввал мустақилона низоми давлатдории миллӣ, роҳи зиндагиву давлатдории худро барои оянда интихоб намуд.
Дар ин замина, ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Роҳбари давлат соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
Аз ин лиҳоз бояд қайд кард, ки маърифати ҳуқуқӣ ин маҷмӯи донишҳо дар бораи Конститутсия ва қонунҳо, арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ, олиҳимматӣ ва ростиву адолат мебошад.
Ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллатро, бешубҳа, Конститутсия ташаккул медиҳад, ки он ҳамчун қонуни асосии кишвар арзиши олии ҳуқуқӣ дорад ва дар навбати худ ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.
Дар Конститутсия арзишҳое дарҷ гардидаанд, ки мазмун ва моҳияти «маърифати ҳуқуқӣ»-ро ифода менамоянд. Меъёрҳои конститутсионӣ ба монанди арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷониби давлат кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва ғайра дар умум ҷавҳари “маърифати ҳуқуқӣ”-ро ташкил медиҳанд.
Асоси маърифат дониш аст ва инсон вақте дониш дорад, аз қонун огоҳ аст, онро хубтар дарк намуда, риоя менамояд ва ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи касеро поймол намекунад ва метавонад ҳуқуқи худро ҳифз намояд.
Боиси қайд аст, ки Конститутсия дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, инчунин вазифаҳоро пешбинӣ кардааст, аз ҷумла ҳар як шахсро вазифадор намудааст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шахс дониста шудааст.
Надонистан ё худ ноогоҳӣ аз ҳуқуқҳо ва вазифаҳои худ мувофиқи Конститутсия ба ақибмонии иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дилхоҳ мамлакат сабаб мешавад. Ҳар қадар маърифати ҳуқуқии ҷомеа баланд бошад, низом ва тартибот ҳамон қадар мустаҳкам гардида, он асоси ҳуқуқбунёд будани чунин давлатро ифода менамояд.
Яке аз мақсадҳои эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама бо мақсади баланд бардоштани фарҳанг, шуур ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии наврасону ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ, бедор намудани ҳисси миллии ҷавонон барои ҳимояи марзу буми кишвар ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон баҳри риояи қонунҳо, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ ва таъмини зиндагии осоишта мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳувияти шаҳрвандӣ, мавқеи устувори сиёсии худро ташаккул диҳад, ҳуқуқу вазифа ва уҳдадорию масъулияти шаҳрвандиашро шиносад, аз амалҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният худдорӣ намуда, дар пешгирии содиршавии чунин амалҳо саҳм гузорад.
Аз ин нуқтаи назар, маърифати ҳуқуқиро метавон ҳамчун василаи муҳимми таъмини волоияти қонун, пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар ҷомеа номид. Маҳз маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад моҳияти калидии пешгирикунандаи амалҳои номатлуб бошад.
Тавре Пешвои муаззами миллат доимо таъкид месозанд, “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Аз ин рӯ, ба ҳар як сокини Тоҷикистон, аз ҷумла судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо зарур аст бо ҳисси масъулияти баланди ватандориву ифтихор аз меҳани худ, дар рӯҳияи риояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо барои рушди Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем. Баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи маърифати ҳуқуқӣ, рафтор, гуфтор, эҳтиром нисбат ба қонун тамоми чораҳои имконпазирро истифода намоем.


Судяи Суди Олӣ
Илҳом Комилзода

Бозгашт ба рӯйхат