МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН АСОСИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН АСОСИ
ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Дастур дода шуд, ки тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад».
Маърифати баланди ҳуқуқӣ - ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва риоя намудани қонунро дар назар дорад. Шахсе, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ набуда, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ дошта, ҷомеа ба тарбияи ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он бешубҳа аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд, риоя ва эҳтироми қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Сарвари давлат мегӯянд: «Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намекунанд, рӯ ба таназзул меорад». Яъне, ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза ин кишвар ба пешрафт муяссар мегардад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегардад. Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон: «Агар хоҳи озод бошӣ, пас ғуломи қонун бош»
Бояд тазаккур намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар нахустин моддаи Конститутсияи кишвар хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зич дорад.
Мақсад аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад, зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона аст, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.
Умуман, дар ҷаҳони муосир дониши ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносон, балки барои ҳар як шаҳрванд зарур аст. Донистани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ ба шахс имкон медиҳад, ки манфиатҳои худро ҳифз намуда, аз низоъҳо канорагирӣ намояд ва дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ бештар мустақилу озод бошад.


Раиси коллегияи судӣ оид ба
парвандаҳои оилавии
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаким Рухшона Аскар

Бозгашт ба рӯйхат