МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 15 ноябри соли 2023 дар толори Суди Олӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар кишварамон тибқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти хосса ва муҳим дорад. Ҷашнгирии ин рўз маънои эҳтиром гузоштан ба шахсияти таърихии барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, инчунин нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

Воқеан Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлати миллӣ, эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ягона ва дунявӣ дар Тоҷикистон, барқарор ва таъмини сулҳу ваҳдат, таҳкими низоми судии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ниҳоят бузург мебошад.

IMG_4802.JPGДар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии моро эътироф карда, қайд намудаанд, ки: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».

Аз ин лиҳоз, Рӯзи Президент ҷашнест, ки барои дарку эҳсоси ҳуввияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.

Мардуми азиятдидаи мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст ва ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан мерасанд ва хизмати софдилонаву содиқонаро ба кишвари азизамон арзонӣ медоранд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин судяҳои Суди Олӣ дар мавзӯъҳои «Нақши институти президентӣ дар давлатдории миллӣ», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар», «Нақши роҳбари давлат  дар таъмини сулҳу ваҳдат ва оромии кишвар» ва «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифгари миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ» бо маърўзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Қайд гардид, ки сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки мақом ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафта, дар ҳаллӣ масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Имрўзҳо Ватани азиз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари фаъолу ташаббускору пешрафта шинохта шудааст. Ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар мансуб ба ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, низоъангезӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонуниии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ, инчунин масъалаҳои глобалии иқтисодӣ ва экологӣ ба ҷаҳониён расонида мешавад.

IMG_4844.JPG

Дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардидани ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт 2005-2015”, “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” ва “Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” гувоҳи обрўю эътибори хосаи ў  дар сатҳи баланд мебошад.

Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути пешниҳодҳои Пешвои миллат ҳидоят ва роҳандозӣ мешаванд, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳими қудратӣ ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон  муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.

Натиҷаҳои 32 соли Истиқлолият гувоҳи онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти худ тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ як модели хосаи давлатдории мустақили миллиро эҷод кунад. Арзишҳои бунёдии ин модел ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд, ки дар атрофи ғояҳои миллӣ муттаҳид шудаанд.     

Тибқи дастури роҳбарияти Суди Олӣ чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо низ доир карда шуданд.

Ҳамзамон дар арафаи ҷашни мазкур биноҳои Суди Олӣ ва судҳои поёнӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ оро дода шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат