АНҶУМАНИ ПУРИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик ҳамчун иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар эъломия давлатеро ба номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.
Бо таъбири Президенти кишвар «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки такдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди баҳруманди халқи тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод, ҳамзамон ба дӯши ӯ вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро вогузошт. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуд, ки мебоист на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷиконро таъмир кунад, балки сохтмони онро бар пояҳои устувору қавии сифатан нав барпо намояд. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси тозаинтихоби кишвар Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буданд: «Ба хотири истиқлолу сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».
Баъдан ин андешаи худро тақвият бахшида, таъкид намуданд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, дар вазъи фавқулодда, набудани артиши миллӣ бо мақсади ҳимояи аҳолии осоишта ва объектҳои ҳаётан муҳим аз амалҳои террористӣ, харобкорӣ, барқарор намудани сулҳ ва тартиботи ҳуқуқӣ аз роҳбарони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирокчиёни мулоқоти Алмаато (моҳи ноябри соли 1992) хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон неруҳои маҳдуди сулҳҷуёнаро фиристонанд.
Моҳи декабри соли 1992 иҷлосияҳои Шурои Олии Узбекистон ва Қазоқистон бо мақсади амалӣ гардонидани хоҳиши парлумони Тоҷикистон дар бораи бо мақсади таъмини сулҳ ва оромӣ ба Тоҷикистон фиристодани теъдоди маҳдуди неруи ҳарбӣ қарор ба тавсиб расониданд. Дар баробари дивизияи 201-уми Қувваҳои мусаллаҳи Руссия қисмҳои ҳарбие, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, кафили сулҳу оромии мамлакат мегарданд.
Аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намуд. Дар давоми қариб чор сол ҳашт давраи музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом дода шуд. Дар ин раванд ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, вахдати миллӣ, ҳар чи зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик буд.
Инчунин барқарор кардани пояҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қушунҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол самтҳои асосии фаъолияти давлат буданд.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу вахдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.
Ибронзода Саймурод,
Исмоилзода Шокирҷон,
кормандони дастгоҳи Суди Олӣ.


Бозгашт ба рӯйхат