КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ КИШВАР

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Конститутсияи мазкур аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, он аз муқаддимаи мухтасар cap мешавад. Гарчи дар он меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷой надоранд, вале бо вуҷуди ин ҳолатҳои он барои тамоми матни Конститутсия хусусияти заминавӣ дорад. Чунки дар онҳо аз номи халқи Тоҷикистон сабабу асосҳои қабули Конститутсия ва мувофиқи мақсаду мароми халқ муқаррар кардани меъёрҳои конститутсионӣ нишон дода шуда¬аст. Ҳар як қисми муқаддима бо ин ё он бобу моддаҳои Конститутсия алоқамандӣ дорад. Масалан, дар муқаддима дар хусуси муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқӣ шахс гуфта шудааст, ки он ба мазмуни матни моддаи 5, боби 2-юм (моддаҳои 14-47) ва баъзе моддаҳои боби 8-ум таъсири бевосита мерасонад.

Пайдоиши боби алоҳида дар хусуси асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон дар таҷрибаи конститутсионии ҷумҳурӣ чизи нав мебошад. Чи тавре ки маълум аст, фасли якуми Конститутсияи соли 1978 асосҳои сохти ҷамъиятӣ ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошт ва аз бобҳои низоми сиёсӣ, низоми иқтисодӣ, тараққиёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва муҳофизати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Акнун боби якуми Кон¬ститутсия аз 13 модда иборат буда, дар онҳо хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат, рамзҳои давлатӣ, дахлнопазирии инсон ва ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ, соҳибихтиёрии халқ, ягонагии давлат ва сохти марзию маъмурии он, кафолати гуногунии равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътибории олии Конститутсия ва таъсири ҳуқуқии байналмилалӣ ба Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон, усулҳои асосии самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, гуногуншаклии моликият ва объектҳои моликияти истисноии давлат муқаррар ва нишон дода шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки меъёрҳои боби якуми Конститутсия барои дигар бобҳои он хусусияти муайянкунӣ ва таъсискунӣ доранд. Масалан, моддаи 9 Конститутсия ҳаҷман хеле мухтасар аст, аммо дар он усули муҳимтарини ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ ва асоси муайян кардани ҳадди салоҳияти онҳо муқаррар карда шудааст. Мувофиқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад, яъне ҳамаи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамин се шакл амалӣ гардонида мешавад. Ҳеҷ як мақомоти давлатӣ аз он берун ва ё хилофи он ташкил ёфта, амал карда наметавонад. Бинобар ин, дар бобҳои 3, 4, 5, 8 ва 9 Конститутсия усули дар моддаи 9 муқаррар гардида, бо роҳи ҷудо кардани салоҳияти ҳар яке аз узви ҳокимияти давлатӣ ва риоя кардани усули боздорӣ ва мувозина татбиқ карда шудаанд.
Боби дуюми Конститутсия ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро ба танзим андохта, усул ва кафолати ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои онҳоро муқаррар кардааст. Дар он чандин падидаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ муттаҳид карда шудаанд. Аз ҷумла, падидаҳои шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии инсон, ҳуқуқу озодӣ ва кафолати онҳо, ки мақоми шахсро дар ҷамъият ва шаҳрвандро дар давлат муайян менамоянд. Давлат ба воситаи меъёрҳои Конститутсия ба худ уҳдадорӣ гирифтааст, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ба низоми ҳуқуқу озодии конститутсионии шаҳрвандон ҳамеша аз рӯи он баҳо дода мешавад, ки давлат дар кадом ҳаҷм онҳоро муқарpap карда, то кадом дараҷа ба тадбиқи онҳо кафолат додааст.
Конститутсияи нав баробари васеъ гардонидани номгӯи ҳуқуқу озодӣ, кафолати онҳоро низ нишон додааст. Вале ин кафолатҳо бо чораҳои ҳақиқӣ таъмин нагардидаанд. Боби дуюми ин Конститутсия аз Конститутсияи пешина аз ҷиҳати номгӯи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон кам фарқ дорад. Дар Конститутсияи нав боби дуюм аз 34 модда, дар Конститутсияи пешина бошад, фасли дуюм аз 37 модда иборат буд. Мазмунан низ онҳо бо ҳам наздиканд, вале аз ҷиҳати ҳаҷм баъзе меъёрҳо мухтасар гардидаанд. Масалан, дар Конститутсияи пешина ба падидаи баробарҳуқуқии шаҳрвандон 3 модда (32, 33, 34) дар Конститутсияи нав фақат 1 модда (17) бахшида шудааст. Якумин бор дар таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон Конститутсияи нав ҳолати ҳуқуқии инсонро дар вазъияти фавқулодда ба танзим андохтааст (моддаи 46 ва 47).
Дар низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон дар соҳаи бехатарии шахсӣ ва озодии фардӣ, дахлнопазирии шахс ва кафолатҳои ҳифзи судии он ба сӯйи васеъшавии онҳо тағйирот ба назар мерасад. Баробари ин вазифаҳои асосии шаҳрвандон хеле мухтасар ва камшумор гардидаанд. Масалан, чунин вазифаҳо ба монанди эҳтиром намудани қоидаҳои зисту зиндагонии сотсиалистӣ, сазовори номи олии шаҳрванди Шӯравӣ будан, поквиҷдонона меҳнат кардан дар соҳаи интихоб кардаи кори фоиданоки ҷамъиятӣ, интизоми меҳнатро риоя кардан, эҳтиёт ва мустаҳкам кардани моликияти сотсиалистӣ, мубориза бурдан ба муқобили дуздӣ, талаву тороҷ ва исроф кардани молу мулкӣ давлатию ҷамиятӣ, эҳтиёт кардани сарвати халқ, вазифаи интернатсионалии ба инкишофи ҳамкорию дӯстӣ бо халқҳою мамлакатҳои дигар мусоидат кардан, ба муҳофизат ва мустаҳкам кардани сулҳи умум ёрӣ расонидан ва ғaйpaҳo, ки ҳислати идеолугӣ дошта, дар Конститутсияи соли 1978 нишон дода шуда буд, дар Конститут¬сияи нави ҷумҳурӣ вонамехӯранд.
Бобҳои 3, 4, 5, 6, 8 ва 9 Конститутсия низоми мақомоти давлатии Тоҷикистонро муқаррар карда, тартиби ташкилёбӣ ва салоҳияти онҳоро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба танзим даровардааст. Ба ҷойи Шӯрои Олӣ, ташкили Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷойи Президиуми Шӯрои Олӣ, Раёсати Маҷлиси Олӣ, ба ҷойи Раиси Шӯрои Олӣ, Раиси Маҷлиси Олиро муқаррар кард. Мувофиқи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 бо сабаби таркиби дупалатагӣ пайдо кардани Маҷлиси Олӣ Раёсати он барҳам дода шуд. Низоми мақомоти иҷроия бошад, аз Президент ва Ҳукумат, ки ӯ ба он сардорӣ мекунад, иборат аст. Дар Конститутсия номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда нашудааст, вале он аз Раис, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Президент дар як вақт сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст.
Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ - Маҷлиси вакилони халқ, ки ба он раис роҳбарӣ мекунад иборат аст. Ҳокимияти иҷроия намояндаи Президент - раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия мебошад.
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Ду¬шанбе, шаҳр ва ноҳия иборат аст.
Дар боби ҳафтум ҳолати ҳуқуқии ВМКБ дар ҳайати Тоҷикистон танзим шудааст. Меъёрҳои ин боб нисбат ба меъёрҳои ба ВМКБ бахшидаи Конститутсияи соли 1978 муфассалтар баъзе ҳуқуқҳои мухтории вилоятро нишон додаанд. Муқаррар карда шудааст, ки вазъи ҳуқуқии ин вилоятро қонуни конститутсионӣ ба танзим меандозад.
Боби охирин ба тартиби тағйири Конститутсия бахшида шудааст. Дар он тартиби нисбатан мураккаби тағйир додан ва илова даровардан ба Конститутсия пешбинӣ шудааст.
Ба ҳамин тариқ, мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соли 1994 давраи ҳозираи барпоёбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва хусусиятҳои он, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ ва сохти марзию маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳуриро инъикос мекунад.
Дар ҷумҳурии азизамон ҳамасола 6 ноябр чун Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, Муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол, муҳлати ваколатҳои судяҳо ба даҳ сол расонида шуд.
Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои солҳои 2003 ва 2016 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуданд; раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид; ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд; ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд; ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардид; асосҳои демократии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мустаҳкам шуданд; тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд; вазифаи давлат дар соҳаи солимгардонии муҳити зист, инкишофи варзиши оммавӣ ва туризм мушаххас гардиданд; ҳуқуқи шахс ба таҳсили умумии асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва таҳсили ибтидоӣ, касбӣ, касбии миёна ва олӣ устувор гардид; синни 30-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар шуд; асосҳои қатъи ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон мушаххас гардиданд; салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва дар алоҳидагӣ танзим шуданд. Шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ муайян карда шуд.

Комилзода И.С.
Судяи Суди Олӣ



Бозгашт ба рӯйхат