МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯИ ОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

4 июли соли 2025 маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Изображение WhatsApp 2025-07-04 в 19.29.31_0e721c22.jpgИзображение WhatsApp 2025-07-04 в 19.29.34_0c9a2958.jpgИзображение WhatsApp 2025-07-04 в 19.29.31_a86ca27f.jpg

Дар маҷлис муовини Раиси Суди Олӣ, раис ва муовинони раиси суди вилояти Хатлон, роҳбарони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва судяҳо иштирок намуданд.

Изображение WhatsApp 2025-07-04 в 19.29.30_92c12e24.jpg

Маҷлисро муовини Раиси Суди Олӣ муҳтарам Тағозода А.С. ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аз пешрафтҳо ва мушкилоти мавҷуда дар самти татбиқи адолати судӣ, таъмини қонуният, таҳкими интизоми судяҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ёдовар шуданд.

Изображение WhatsApp 2025-07-04 в 19.29.28_c6e00667.jpg

Сипас, ҳисоботи муфассал оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилоят дар шаш моҳи сипаригардида ироа гардид. Дар он сабабу омилҳои баррасии саривақтӣ ё бо таъхир, ҳолатҳои бекоршавии қарорҳо ва дигар нишондиҳандаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Маҷлиси ҷамъбастӣ дар фазои тантанавӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳити созанда баргузор гардид.

 


Бозгашт ба рӯйхат