ВОХӮРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ОЛӢ ВА СУДИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БО КОРМАНДОНИ ТИББИ БЕМОРХОНАИ КВД «РОҲИ ОҲАН» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вохӯрии навбатии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шарифзода Иноятулло Шарифҷон, Амонзода Намоз Шариф, Шерзода Ҷурабек Сангинмурод ва судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Шафо Беҳруз бо табибон ва кормандони Беморхонаи КВД «Роҳи оҳан» баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-06-06 at 15.48.23.jpeg
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа ва талаботи қонунгузории миллӣ мубодилаи афкор намуда, ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид карданд.
Судяҳо вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба экстремизм ва терроризм, ҷиноятҳои кибернетикӣ, савдои одамон, зӯроварӣ дар оила ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ибрози назар намуданд.

WhatsApp Image 2026-06-06 at 15.48.24 (1).jpeg WhatsApp Image 2026-06-06 at 15.48.23 (2).jpeg
Ҳамчунин, зимни суҳбат оид ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030, роҳҳои пешгирии вайроншавии оилаҳо, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Таъкид карда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳими таъмини субот, амният ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар самти тарбияи ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ изҳор намуданд.



Бозгашт ба рӯйхат