Рӯзи 5 июни соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Адлияи маъмурӣ ва нақши он дар таъмини волоияти қонун» баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши бонуфуз, ки ба муносибати панҷсолагии таъсис ва рушди адлияи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Токаев, роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони мақомоти судии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Осиё, инчунин олимону коршиносони шинохта иштирок намуданд.

Бо даъвати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон А. А. Мергалиев ва бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар самти адлияи маъмурӣ, намояндагони судҳои ҷумҳурӣ дар кори форум иштирок карданд.
Дар ҷараёни форум масъалаҳои мубрами адолати судӣ, самтҳои афзалиятноки рушди адлияи маъмурӣ, натиҷаҳои бадастомада ва таҷрибаи амалии фаъолияти ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, Эъломияи Остона оид ба таъсиси Конгресси Евразиёии ҳуқуқи маъмурӣ қабул гардид.

Дар доираи чорабиниҳои форум, тибқи қарори Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон А. А. Мергалиев аз 2 майи соли 2026, роҳбари ҳайати гуруҳи намояндагони судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамзазода Тоҳир Сафар бо медали «Барои саҳм дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ» сарфароз гардонида шуд. Инчунин Маҳмадуллозода И.Н. муовини якуми раиси суди ноҳияи И. Сомонӣ, Ҳакимзода Д.А. муовини якуми раиси суди ноҳияи Шоҳмансур, Сулаймонзода Ф.А. судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ ва Зарифзода Б.З. судяи суди ноҳияи Сино иштирок намуданд.
Медали мазкур мукофоти идоравии Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон буда, барои хизматҳои шоиста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи судӣ ва ҳуқуқӣ тақдим карда мешавад.

Маросими тантанавии супоридани медал 4 июни соли 2026 дар шаҳри Остона дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Адлияи маъмурӣ ва нақши он дар таъмини волоияти қонун», ки ба панҷсолагии адлияи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва қадрдонии намояндагони низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шарикони хориҷӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо мусоидат менамояд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
