ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати 24-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ


Имсол 24- солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чашн гирифта мешавад.
Ин санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар қалбҳои мардуми мо маскан гирифта, ба рӯйдоди азизу гиромӣ табдил ёфт. Созишномаи сулҳ барои сарзамини ачдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вучуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба таври воқеӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ оғоз кард. Пайрезии ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз замоне ибтидо мегирад, ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар ин анҷуман бо қатъият ва имону эътиқоди комил гуфта буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Бар асоси тасмимгириҳои Роҳбари давлат дар нимаи аввали соли 1993 бо ҳадафи қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат музокироти сулҳи тоҷикон оғоз шуд, ки давраи аввали он дар шаҳри Москва аз 5 то 19 апрели соли 1994 ҷараён гирифт.
Бо ибтикори Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷонибҳо 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул дигарбора мулоқот барпо карданд, то натиҷае аз ин гуфтушунидҳо ба ҳусни тафоҳуми тарафҳо дар дарёфти ризоият ва сулҳи кишвар биафзояд. Пайомади ин мулоқот қабули изҳороти муштарак буд, ки эътимоди тарафҳоро дар ҳосили матлаб тақвият бахшид. Вохӯриҳои баъдина дар сатҳи олӣ 19 июли соли 1995 дар Теҳрон, 10-11 декабри соли 1996 дар Афғонистон, 19-23 декабри ҳамон сол дар Москва, 21-22 феврал ва 16-18 майи соли 1997 дар шаҳрҳои Машҳад ва Бишкек, дар маҷмӯъ 8 маротиба доир гардиданд ва ниҳоят санади сарнавиштсози миллати тоҷик ба сурати ниҳоӣ ба имзо расид.
Чи тавре, ки сардори давлат доир ба аҳамияти Созишномаи сулҳ борҳо қайд намуданд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».
Санади таърихии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид.
Таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Сарвари давлат аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун мадели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид.
Истиқрори сулҳу созгории миллӣ, тантанаи ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон, ки аз хидматҳои таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллист, талошҳои тоҷиконро дар бунёди ҷомеаи демократӣ аз иқтидори азими маънавӣ бархурдор намуд.
Бар асоси ризоияти миллӣ дар қаламрави кишвар бо риояи принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд фаъолияти озодонаи 7 ҳизби сиёсӣ, 2700 иттиҳодияи ҷамъиятии ғайридавлатӣ, 404 рӯзнома, 81 маҷалла, 44 садову симо ва 9 агентии иттилоотӣ ба роҳ андохта шуда, ҳуқуқу озодӣ, манфиатҳои инфиродии шаҳрвандон, гуногунандешии сиёсӣ кафолат дода шуд. Ваҳдати нерӯҳои мухталифи дохили кишвар, ки дар натиҷаи имзои созишномаи сулҳ ва таблиғи фарҳанги ҳамзистиву ҳамдиливу ҳамраъйӣ ба миллати тоҷик насиб гардидааст, шаҳодати ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Бори дигар ҳамаи мардуми сарбаланди Точикистони азизро бо иди миллиамон – 24 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуда, тансиҳатӣ ва пирӯзмандӣ таманно дорам.


Додозода А.М.
Сардори Раёсати кадрҳо ва
корхои махсуси Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бозгашт ба рӯйхат