ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – СУЛҲИ ШИКАСТНОПАЗИР

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатиро ба даст овард, вале боиси таассуф аст, ки шаҳди озодиро начашида, солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо сабаби манфиатҷӯйии бархе аз ашхоси хоин ва бехирад дар кишварамон ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ сар зад. Ин ҳолати ногувор дар кишварамон то июни соли 1997 давом ёфта, бадбахтиҳо ва хисороти ҷониву молӣ ба сари ин миллат овард.
Мо фарзандони даврони истиқлол, ки дар фазои орому осуда ба воя расидаем, ҳатто тасаввур карда наметавонем, ки Ватани мо ва мардуми шарафманди он кадом воқеаҳо, сахтиву мушкилот ва ҳодисаҳоро аз сар гузаронидааст.
Воқеаҳои фоҷиаборе, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардуми мо омад, дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун як саҳифаи сиёҳу нангин боқӣ монда, қишри калонсоли ҷомеа он рӯзҳоро ҳанӯз ҳам дар хотир дошта, бо даҳшат ёдоварӣ менамоянд.
Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо номҳои «ҷанги бародаркуш», «ҷанги минтақавӣ» ва ғайра баён ёфтааст.
Ҷанги шаҳрвандии он солҳо боиси қурбон шудани ҳазорон нафар ҳамватанонамон, ятим мондани кӯдакони бегуноҳ, ба гуреза табдил ёфтани сокинони мамлакат ва хисороти азими моддиву молиявии давлатамон гардид.
Ба бахти баланди миллат ҷавоне, ки қалбаш бо нияти поку вуҷудаш пур аз ҷасорату муҳаббат ба халқу ватан аст ба сари ин миллати ғамзада омад. Маҳз ҷонбозиҳо ва ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хунрезиҳои бародаркуш, парокандагии миллат хотима ёфта, ҳама зери як парчам сарҷамъ гардиданд. Дар ҳақиқат нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ваҳдати миллӣ бениҳоят зиёд буда, барои ноил шудан ба сулҳ ва амнияти кишвар ин абармарди миллат ҷонбозиҳо намудааст ва мардонавор роҳи амниятсозию сулҳофариро пеша намуда, то ба охири роҳ ҷасурона ва шарафмандона қадам ниҳодааст. Аз ин рӯ, ӯ имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як идеал ва шахсияти сулҳпарвар шинохта шудааст.
Ташаббусҳои Президенти кишварамон буд, ки Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта, барои бунёди воқеан давлати демократию ҳуқуқбунёд сарчашма гузорад. Албатта, нақши Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун ниҳоди асосии амалӣ сохтани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ» заминаи амалисозии оштии миллӣ дар мамлакат гардид. Механизми татбиқи «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 27 июни соли 1997, ки аз 9 санади муҳим иборат буд, ба воситаи Комисияи оштии миллӣ бояд ҳалли хешро меёфт.
Комисияи оштии миллӣ низ ҳамчун як ниҳоди ташаббускор барои барқарор кардани сулҳ дар кишвар вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бомуваффақият иҷро намуд.
Ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз ҷониби Роҳбарияти сиёсии кишвар ва роҳбари гурӯҳи мухолифин Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баста шуд, ки ин созишнома оғози осудагию бардавомии кишвар, баҳамоӣ ва раҳоӣ аз парокандагии миллат гардида, орзӯи деринтизори халқи тоҷик барои расидан ба ин неъмати бебаҳо, яъне истиқололияти комил ва шикастнопазир, ки бе расидан ба ваҳдати миллӣ имконнопазир буд, ҷомаи амал пӯшид.
Дар шароити имрӯза, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар марҳилаи рушд қарор дорад ва мардуми шарифи он дар фазои орому осуда зиндагонӣ доранд, таърихи 27 июн барои насли имрӯза ҳамчун як санаи сарнавиштсоз ва сарчашмаи ояндаи накӯи наслҳои минбаъдаи кишварамон, махсусан фарзандони зодаи истиқлол нақши муҳим дорад.
Мо ҷавонони кишвар бо ёдоварӣ аз чунин рӯзҳои барои халқу ватанамон душвору ҳассос, ки дар ниҳоят тавонистем дар якҷоягӣ ва сарҷамъӣ аз чунин ҳодисаи фоҷиабор раҳоӣ ёбем, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сарбаландона, бошарафона ва бо қудрату нерӯи созандаи хеш оромии кишварамонро ҳифз намоем ва баҳри боз ҳам гулгуншукуфоии он дар талош бошем.
Дар ин замина тамоми ҳамватанонамонро бо ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, ба халқу диёри азизамон осмони софу беғубор, ҳаёти осоишта ва осудагию саодатмандиро таманно дорам.

Содиқова Ш.Ф.
Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо
ва корҳои махсуси Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат