НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ ВОБАСТА БА ТАҶЗИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ба истиқболи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ичтимоӣ ворид гардид. Кишвар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба носомонӣ ва носозгориҳо рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, хиради азалии мардуми тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик боис гашт, ки дар муддати кутоҳ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шавад. Дар хомӯш намудани оташи ҷанг ва пойдориву устувории ваҳдату муттаҳидии миллати тоҷик ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ хеле бузург аст.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, воқеан иҷлосияи таърихӣ буда,давлат ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшид ва рисолатро ба сифати ягона шохаи ҳокимияте, ки алайҳи ҳама гуна фишор устувор буд, анҷом дод. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари рӯзномаи иҷлосия қарор гирифт, интихоби Сарвари нави давлат буд, ки мебоист дар он вазъи барои кишвар хеле мураккабу ноором нахуст институтҳои фалаҷгардидаи давлатиро барқарор, волоияти қонунро таъмин ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад.
Интихоби вакилон ба номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт ва ин абармарди миллат, ки дорои сифатҳои беҳтарини роҳбарӣ, ҷасорату матонати сиёсӣ аст, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо ҷонибдории аксарияти вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Бо қатъият иброз медорем, ки агар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шахсияти сулҳовару сулҳдуст, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба миллати тоҷик армуғон намеовард, барқарории Истиқлолияти давлатӣ, осоишу озодии мардум, ободии Ватан ва таъмини шароити арзанда барои сокинони кишвар имрӯз дар гумон буд. Бидуни шакку шубҳа, гуфтан мумкин аст, ки тамоми пешрафт ва дастовардҳои кишвар ба Истиқлолияти давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии бевосита дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин бор дар иҷлосияи мазкур баён дошта, изҳор карда буданд, ки «ман ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем». Баъдтар таърих исбот намуд, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба ин принсипҳои бунёдӣ ҳамеша содиқ ҳастанд.
Дар иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ нахустин рамзи давлатӣ – Парчам қабул карда шуд ва корҳо доир ба таҳияву қабули дигар рамзҳои давлатӣ ва Конститутсия оғоз гардиданд. Зеро шароити соҳибистиқлолӣ талаб менамуд, ки дар кишвар ҳарчи зудтар ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, Конститутияи давлати соҳибихтиёр қабул гардад ва дар он мақсаду мароми ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ, ҳамзамон масъалаҳои дигари калидии ҷомеа – соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат, унсурҳои дигари асосии сохтори конститутсионӣ – соҳибихтиёрии халқ, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ғайра муайян карда шаванд.
Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва Президенти кишвар аз ҷониби халқи мамлакат интихоб карда шуд.
Дар натиҷа, дар моддаи якуми Конститутсияи соли 1994 шоҳроҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистон, ки барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, сабт гардид.
Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди давлати демократӣ дар он таҷассум мегардад, ки воқеан ҷавобгӯи демократия будани ин ё он конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама, он бояд ба рушди мунтазаму устувори институтҳои демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастрасӣ ба сарчашмаҳои гуногунии иттилоот ва ғайра ба он шомиланд. Новобаста аз муҳлати хеле кутоҳи қабули Конститутсия, бо дастгирии бевоситаи Сардори давлат институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо карданд. Чунончӣ, интихоботи озоду демократӣ (интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2007, 2013 ва 2020, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, 3 маротиба раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия) бо иштироки мушоҳидони дохиливу хориҷи доир гаштанд. Дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд: «Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст» ва сарчашмаи ҳуқуқ – Конститутсияи миллӣ раванди дунявият ва мардумсолориро дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳкиму тақвият бахшид.
Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудаст.
Сохт ва моҳияти давлатдорие, ки бо таклифу пешниҳод ва ташаббуси бевоситаи Сардори давлат дар Конститутсия дарҷ гардид, аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ ва қабул карда шуд ва дере нагузашта таърих дурустии роҳи интихобкардаи моро собит сохт.
Ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он ба таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона карда шудаст.
Бо иҷрои ин рисолати муҳиму муқаддас мақомоти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Дар ташаккули низоми судии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Маҳз бо ҳамин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳокимияти судӣ ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти давлатӣ ва суд ҳамчун таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф гардиданд.
Фаъолияти босамари ҳокимияти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоду эҳтироми шаҳрвандонро нисбат ба давлат ва қонун таҳким мебахшад.
Боби ҳаштуми ин Санади муқаддас пурра ба ин шохаи ҳокимияти давлатӣ, пеш аз ҳама ба принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқии он, салоҳият, сохтор ва мустақилияти судҳо, интихобу таъин ба вазифа ва бозхонду озод намудани судяҳо аз вазифа, синну соли ба вазифа пешбарӣ кардан ва муҳлати ваколати онҳо, инчунин амалӣ намудани адолати судӣ бахшида шудаст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин муваффақиятҳо хеле равшану возеҳ мебошанд, ки асосан туфайли иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Замони соҳибихтиёриро чун давраи пешравиҳо, ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама бахши ҳаёти ҷомеа унвон кардан мумкин аст. Аз ҷумла, бахши қонунгузорӣ низ дар ин давра рушду нумӯ ёфт. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ ҷиҳати таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таваҷхоса зоҳир намуда, 14 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияи ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолиии кишвари азизамон ҷиҳати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, чор Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ таҳия ва амалӣ карда шуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи ниҳоди судӣ мусоидат хоҳад кард.
Баҳри беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ ислоҳоти конститутсионии дар соли 2016 баргузоршуда, ки тибқи он Шурои адлия барҳам дода шуда, ҳаллу фасли масъалаҳои хеле муҳим дар самти таъмини ташкили фаъолияти судҳо, таъминоти моддию техникии онҳо, тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, ташкил намудани имтиҳоноти тахассусӣ ва пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор шудаст низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ин раванд бо мақсади мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба Конститутсия, бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуда, дар самти ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ чораҳои ташкилии зарурӣ амалӣ карда шуданд.
Дар бораи ба Конститутсия ворид кардани тағиру иловаҳои дахлдор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд «… такмили Конститутсия ба мо имконият дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди воқеан ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву ичтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».

Сардори Раёсати ташкили
кори судҳои Суди Олӣ
Додозода А.М.


Бозгашт ба рӯйхат