Имрӯз 10 феврали соли ҷорӣ маҷлиси навбатии назоратӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси доиргардида, Раиси Суди Олӣ Мирзозода Р.П. дар қатори масъалаҳои ҳалталаби корӣ аз ҷумла таъкид намуданд, ки интизоми меҳнат аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳ ба таври қатъӣ риоя карда шавад, кормандон фаъолияти кории худро аз гузаштани турникет (сабти акс) амалӣ карда шавад, дар ин хусус Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус вазифадор гардид, ки интизоми меҳнатро назорат намояд.
Дар идомаи маҷлис, таъкид гардид, ки рӯзи шанбеи гузашта, тозагӣ дар гирду атрофи бинои суд ва таваққуфгоҳи он аз назар гузаронида шуда, барои боз ҳам ободу тоза гардонидани гирду атрофи бинои суд шанбегиҳо доир карда шаванд.
Ҳамзамон, Раиси Суди Олӣ қайд намуданд, ки 13 феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии Суди Олӣ баргузор мегардад ва то баргузории он Раёсати омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ вазифадор карда шуд, ки вобаста ба таҳлили тамоми самтҳои фаъолияти судҳо инчунин тайёр намудани маълумот оид ба категорияҳои баҳсҳо маълумотҳои заруриро омода намоянд.
Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои дигари ҷорӣ низ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
