30 декабри соли 2024 бо даъвати Раиси Суди Олӣ - Шермуҳаммад Шоҳиён собиқ Раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Избулло Хоҷаев, Абдуллоев Нусратулло ва собиқ Раисони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Файзулло, Ғоибназаров Амирхоҷа, Мансурзода Наим, Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ашурзода Абдулҳафиз ва Раиси Суди Олии иқтисодӣ - Мирзозода Рустам Пираҳмад ба бинои нави замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Бо муҳаббат ва эҳтиром ба рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Раисони Суди Олии иқтисодӣ дар ёддоштҳои худ аз дастгириҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсин карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки рушди ҳокимияти судӣ ба манфиатҳои кишвар хидмат мекунад ва ёдоварӣ намуданд, ки ҳар як корманди суд бояд бо эҳсоси масъулияти баланд ва бо масъулияти баландтар рисолати касбиро дар ба амалбарории адолати судӣ иҷро намояд.
Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад дар суханрониҳои худ зикр карданд, ки ин дастгирии бевоситаи роҳбари давлат нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории ӯ ба ҳокимияти судӣ мебошад ва ин бинои нави замонавӣ барои фаъолияти самарабахши корӣ мусоидат хоҳад кард.
Ин рӯйдод нишон медиҳад, ки кормандони ҳокимияти судӣ бояд саъю кӯшиши худро барои баланд бардоштани сатҳи адолати судӣ ва иҷрои рисолати касбии худ бо масъулияти баланд равона намоянд.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
