Имрӯз, 14 феврали соли 2024 бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 оид ба солҳои 2025-2030 эълон намудани “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025, № АП-722 дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар мақомоти судӣ чорабинии омузишӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён бо асосҳои ҳуқуқии истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи қонунгузорӣ, тартиби муомилот ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ шинос шуданд. Ҳамчунин, намояндагони Агентӣ оид ба бартариҳои гузариш ба раванди рақамикунонӣ ва ба роҳ мондани низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имкониятҳои татбиқи он дар низоми судӣ маълумот пешниҳод карданд.
Ин иқдом ба рушди рақамикунонии коргузорӣ дар низоми судӣ ва такмили равандҳои идоракунии ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ мусоидат мекунад.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
