Имрӯз, 17 феврали соли ҷорӣ, ҷаласаи навбатии назоратӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ баргузор гардид. Раиси Суди Олӣ Мирзозода Р.П. ҷаласаро аз баррасии масъалаҳои мубрам дар фаъолияти Суди Олӣ оғоз намуд. Қайд карда шуд, ки минбаъд қабули шаҳрвандон бо иштироки судяҳои Суди Олӣ роҳандозӣ карда шавад. Диққати кормандони масъули дастгоҳ ба кори дурусти пешниҳод намудани иттилоот дар сомонаи Суди Олӣ, таҷдиди назар кардани шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ мутобиқи талаботи замони ҳозира ҷалб карда шуд. Раиси Суди Олӣ оид ба иҷрои саривақтӣ ва босифатӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои миллӣ ва дохилиидоравӣ ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ таъкид намуд. Дигар камбудиҳо низ қайд гардида барои дар муддати кӯтоҳтарин бартараф намудани онҳо, инчунин, риояи қатъии интизоми меҳнат аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳ зикр гардид. Ба ин сабаб, муовини раиси Суди Олӣ ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус вазифадор карда шуданд, ки интизоми меҳнатиро назорат кунанд. Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои ҳалталабӣ дигар низ баррасӣ шуданд.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
