ТАЪИНОТИ КАДРӢ

       IMG_6884.JPGИмрӯз, 3 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум доир гардид.

         Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣIMG_6886.JPG Раҳмон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад ба вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қурбониён Сафаралӣ Алихон, Амонзода Намози Шариф, Бобохонзода Асомуддин, Назарзода Даврон Қувват, Шукурзод Назрулло Тағайбобо, Саидзода Марзия Файзалӣ, Шерзода Ҷурабек Сангинмурод ва Давлатзода Исмоил Раҳим ҷонибдорӣ карданд.

          IMG_6915.JPGҒайр аз ин, дар кори ҷаласа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Шодмони Шамс аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан қарорҳои дахлдор қабулIMG_6935.JPG гардиданд.

         Дар маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Мирзозода Р.П. ба ба Исҳоқӣ А.Н. ва Ализода Ш.Ш. барои фаъоляти пурсамарашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.



Бозгашт ба рӯйхат