Рӯзҳои 11, 15, 18 ва 22 феврали соли 2025 қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П., муовинон ва раисони коллегияҳои судӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он шаҳрвандон имкони мустақиман мушкилоти ҳуқуқии худро ба роҳбарияти Суди Олӣ иброз намуданд. Роҳбарияти суд бо диққат муроҷиати ҳар як шаҳрвандро баррасӣ намуда, барои ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда дастурҳои зарурӣ доданд. Қабули шаҳрвандон бо ҳадафи таъмин намудани адолати судӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба мақомоти судӣ сурат гирифт. Ҷараёни қабул дар фазои озоду шаффоф гузаронида шуд. Барои баррасии минбаъдаи муроҷиатҳо супоришҳои дахлдор ба кормандони масъул дода шуд. Қабули шаҳрвандон минбаъд низ тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби Роҳбарияти Суди Олӣ идома меёбад.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
