КОЛЛЕГИЯИ СУДӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

Рӯзи сешанбе, санаи 18 феврали 2025 дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ карда шуданд. Ҷараёни муҳокимаи судӣ бо риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ ва принсипҳои адолати судӣ сурат гирифт. Айбдоркунандагонии давлатӣ ва адвокатҳо мавқеи худро асоснок намуда, далелу ваҷҳҳои худро пешниҳод карданд. Зимни баррасии парвандаҳо принсипҳои ошкоро ва қонунӣ таъмин гардида, ба ҳар як парванда тибқи талаботи Кодекси ҷиноятӣ ва мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шуд.


Бозгашт ба рӯйхат