24 феврали соли ҷорӣ, ҷаласаи навбатии назоратии Суди Олӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ баргузор гардид. Раиси Суди Олӣ Мирзозода Р.П. ҷаласаро аз баррасии масъалаҳои мубрам дар фаъолияти Суди Олӣ оғоз намуд.
Аз ҷониби Раиси Суди Олӣ қайд карда шуд, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад ва то баргузории он Раёсати байналмиллалӣ вазифадор карда шуд, ки бо давлати ташкилкунандаи ҷаласа ба таври доимӣ дар тамос шуда, оиди ташкили кор, маърузаҳо ва дигар масъалаҳо ҳамкорӣ намоянд. Ба шахсоне, ки Раиси Суди Олиро дар ин чорабинӣ ҳамроҳи мекунанд таъкид карда шуд, ки барои иштирок ва ба мавзўи баромадҳояшон ҷиддӣ омодагӣ бинанд.
Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои дигари ҷорӣ низ мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода шуданд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
