КОЛЛЕГИЯИ СУДӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

25 феврали 2025 дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи шикоятҳои кассатсионии иштирокдорони парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ карда шуданд. Аъзоёни коллегияи судӣ муҳокимаи парвандаҳоро бо шунидани баёнотҳои судшавандаҳо, адвокатҳо ва айбдоркунандагонии давлатӣ, инчунин таҳқиқ намудани  далелу ваҷҳҳо ба роҳ монда, оид ба парвандаҳои ҷиноятии баррасишуда дар асоси Кодекси ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои қонуниву асоснок қабул намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат