ИНТИХОБОТ – ИФОДАИ ИРОДАИ БЕВОСИТАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ


Daler.jpg

Муовини сардори Раёсати

кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олӣ

Исозода Далер Озар


     

 Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ бо роҳи ифодаи райъи онҳо дар интихобот ва раъйпурсиҳо, инчунин амали намудани фаъолият дар низоми ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ инъикос мегардад. Интихобот дар тамоми давлатҳои ҷаҳон шакли оммавии иштироки шаҳрвандон дар идораи корҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар мамлакатҳои низоми демократидошта ин падидаи сиёсӣ дар сатҳи конститутсионӣ ба танзим дароварда шуда, ҳамчун ҳуқуқи сиёсӣ барои шаҳрвандон кафолат дода шудааст. Махсусан кишвари азизи мо, ки дорои яке аз конститутсияҳои аз ҷониби коршиносони маъруф этирофгардида буда, ҳуқуқи интихоботи фаъол ва ғайрифаъол дар сатҳи қонуни олии кишвар мустаҳкам гардидааст.

   Тавре қонунгузор муқаррар намудааст, аз номи тамоми халқи Тоҷикистон танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтанро доранд. Аз ин рӯ, интихоб намудани намояндаи ба боварӣ сазоворгашта дар Парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ инъикоскунандаи манфиати халқ буда, халқ тавассути онҳо дар идоракунии давлат ширкат меварзад.

     

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 6 маротиба интихоботи вакилон баргузор гардидааст, ки солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015 ва 2020 -ро дар бар гирифта, интихоботи навбатии дарпешистода 2 марти соли 2025 таъин шудааст, ки он мувофиқи принсипҳои умумӣ, баробар, мастақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.

    Интихобот яке аз воситаи изҳори иродаи халқ ба ҳисоб рафта, дар таҳкими давлати демокративу ҳуқуқбунёд нақши назаррас дорад. Зеро халқ тавассути интихоби номзади арзандаи худ дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ иштирок менамояд. Дар ин радиф шаҳрвандони мамалакат аз ҳуқуқҳои сиёсии конститутсионии худ истифода намуда, тавассути он робитаи сиёсиву ҳуқуқии онҳо бо давлат мустаҳкам мегардад ва барои таҳкими давлати демократӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

     Сарчашмаи асосии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар моддаҳои 6 ва 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтааст.

    Дар асоси моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

    Инчунин, моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

    Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои низоми демократидоштае мебошад, ки ҳангоми баргузори интихобот дар доираи қонунгузории кишвар шаффофият баръало мушоҳида мегардад. Дар ин радиф барои интихобкунандагон тамоми имкониятҳои васеъ ҷиҳати иштироки онҳо дар ин маракаи муҳими сиёсӣ ба таври зайл таъмин мегардад:

-         Ба шаҳрвандони берунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд, барои интихоб намудани номзадҳои арзанда шароит фароҳам оварда мешавад.

-         Дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатии ашхоси гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, ки дар таҳти тафтишоти пешакӣ ё судӣ қарор доранд, барои онҳо шароити интихоб намудан таъмин гардида, раъйи онҳо гирифта мешавад.

Интихобот ҳамчун асоси низоми демократӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву давлатӣ, ки халқ тавассути намояндагони худ дар ҳаллу фасли онҳо иштирок менамояд, нақши калидӣ дорад.

     Бо мақсади таъмини иштироки бевоситаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихобот ва изҳори иродаашон, моро зарур аст, ки тавассути тарғибу ташвиқи пешазинтихоботӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳоро аз маълумотҳои зарурӣ ва меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба ин падидаи демократӣ бархурдор намоем. Шаҳрвандони мамлакат бояд дарк намоянд, ки муҳиммияти интихобот дар чӣ зоҳир мегардад ва он дар ҳаёти сиёсиву ҷамъияти чӣ аҳаммият дорад.

      Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 2 марти соли 2025 таъин гардидааст.

       Дар ин замина, ҳар як фарди ватандӯстро зарур аст, ки бо иродаи мустаҳкам ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ин маъракаи сиёсии барои давлату миллати мо тақдирсоз иштироки фаъолона дошта, дар таҳкими ояндаи давлати худ саҳми хешро гузорад.

     Бо ҳамин мақсад ҷиҳати дарки муҳиммияти интихобот дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мо намояндагони ҳокимияти судӣ низ бояд дар баргузории ин маъракаи сиёсӣ иштироки фаъол дошта бошем.


Бозгашт ба рӯйхат