Имрӯз, 25 феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, Суди Олӣ сабти барномаи телевизионии “Мурофиа”-ро роҳандозӣ намуд. Мавзуи барномаи телевизионии мазкур аз риоя накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” иборат мебошад.
Раискунандаи мурофиаи судӣ Муродзода А. судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз рӯи қисми 5 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои ташкил намудани маъракаҳои ҳоҷиталабон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ пешбинӣ менамояд баррасӣ намуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда қарори дахлдор қабул намуд.
Қобили қайд аст, ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ мебошад. Мақсади муқаррароти Қонуни мазкур ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию
иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Суди Олӣ ва судҳои ҷумҳурӣ ба таври доимӣ чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, судяҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар доир ба санадҳои судию масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа ахборот дода, маводи ҳуқуқӣ нашр мекунанд.
Барномаи телевизионии “Мурофиа”-ро метавонед дар саҳифаи расмии Суди Олӣ дар YouTube тамошо намоед.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
