
“Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.” (Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабр) Эмомалӣ Раҳмон
Бояд тазаккур дод, ки рушду нумӯи ҳамаҷонибаи ҷомеаи Тоҷикистон натанҳо барои шаҳрвандони он, балки барои меҳмонони дуру наздик, ки вориди Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегарданд, аён аст. Ин нуқтаи назарро андешаи шаҳрвандони баору номуси миллат ва хориҷиён дар шабакаҳои интернетӣ тасдиқ менамоянд. Аммо ин ҳама ҳанӯз нуқтаи охири тараққиёт нест. Бо назардошти рушди бесобиқаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро низ лозим меояд, ки ба сатҳи инкишофи давлатҳои пешрафта расида гирад, зеро муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ, технологӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ғайраҳо тақозо менамоянд, ки дар баробари онҳо ва ё наздик ба онҳо қадам ниҳад.
Дар ҳамаи ин муваффақиятҳо сиёсати созанда ва пешбарандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Вале ин мавзуи дигар аст. Инҷо сухан дар бораи “иқтисодӣ рақамӣ” меравад. Иқтисоди рақамӣ ба нумӯи иқтисодиёти мавҷудаи Тоҷикистон такон ва суръати тоза мебахшад. Гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ мавзуи нав набуда, он аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз тақрибан 22 сол пеш пешниҳод гардидаву роҳандозӣ шуда истодааст. Чунончи, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174 тасдиқ шудааст, шаҳодати ин гуфтаҳост. Минбаъд як қатор барномаю стратегияҳои дахлдор дар ин самт қабул гардиданд. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 тасдиқ гардидааст ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар қатори дигар санадҳои қабулгардида заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳидоят барои гузаштан ва ташаккул додани фаъолиятҳо дар шакли электронию рақамӣ дар ҷомеа буда, мақсад ва афзалияти инкишофи ташаккули ҳукумати электронӣ, такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ, ташаккул додани унсурҳои зарурии “Ҳукумати электронӣ”-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оянда муайян менамоянд. Иҷро ва дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур бо мақсади гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ва баробар шудан ба иқтисодиёти рақамии ҷаҳонӣ аз қадамҳои устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташаккули Ҳукумати электронӣ шаҳодат медиҳад.
Суд низ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бояд, ки ба ин шакли фаъолият рӯ биёрад. Раванди гузаштани судҳо ба суди электронӣ худ талаботи ҷомеа дар асоси рушди бемайлони илму техникаи ҷаҳони муосир мебошад. Имрӯз як қатор давлатҳои дунё ба монанди Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Ҷумҳурии мардумии Хитой, Олмон, Фаронса ва ғайра ба шакли фаъолияти судии электронӣ рӯ овардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин пешрафти технологӣ набояд, ки дар канор монад. Дар ин давра дар заминаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёдӣ танзимкунандаи ҳукумати электронӣ дар банди 7
Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 низ баъзе масъалаҳои ба суди электронӣ алоқаманд, аз ҷумла ба роҳ мондани тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ пешбинӣ гардида буд. Ба таври электронӣ тақсим гардидани парвандаҳои судӣ сарбории раиси суди дахлдорро кам намуда, баъзе ҳолатҳои коррупсиониро низ вобаста ба манфиатнокии тақсимоти парвандаҳо то андозае коҳиш медиҳад. Аммо бо сабаби буҳрони молявии ҷаҳонӣ ва паҳншавии вируси КОВИД-19 ва дигар омилҳо иҷрои масъала мавқуф гузошта шуд. Масъалаи суди электронӣ дар бандҳои “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дарҷ гардидааст.
Дар заминаи ин ҳама ҳоло дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва суди ноҳияи Рӯдакӣ судҳои пилотии электронӣ таъсис дода шуданд, ки таҷрибаи онҳо метавонад барои амалӣ гардонидани мақсадҳои наҷиби гузаштан ба суди электронӣ ба инобат гирифта шавад. Илова бар ин дар солҳои охир барои таъсиси судҳои электронӣ баъзе заминаҳои моддӣ-техникӣ гузошта шудааст. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо судяҳои ҷумҳурӣ аз 5 декабри соли 2024 қайд намуданд “Дар солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки судҳо биноҳои маъмурии судҳои як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла биноҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои Роғун, Шаҳристон, Шамсиддин Шоҳин, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Варзоб, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Балҷувон, Восеъ ва куҳистони Мастчоҳ аз нав сохта бинои судҳои дигар шаҳру ноҳияҳо таъмири асосӣ гардида, бо таҷҳизоту шароити муосир таъмин карда шуданд”. Инчунин бинои нави Суди Олӣ ҷавобгӯ бо талаботи замони муосир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, сохтмони бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва суди вилояти Суғд иборат аз 7 ошёна, ки дар он Суди вилоят, суди иқтисодии вилоят ва суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ҷойгир мешаванд, оғоз гардидааст. Ҳамаи ин корҳои анҷомдодашуда аз саъю талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ дода, далели он аст, ки барои таъсиси суди электронӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.
Бинои нави Суди Олӣ бошад, барои муҷаҳҳаз гардонидани суди электронӣ тамоми шароитҳоро доро мебошад. Ин ҳама корҳои мушаххас аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои амалӣ гардонидани як қисмат бандҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 қабул гардидааст, заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Чунончи, барномаи мазкур як қатор масъалаҳоро ба монанди низоми электронии муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти судӣ, ҷорӣ намудани механизми тақсимоти электронии парвандаҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолияти онҳо, муҷаҳҳаз кардани толорҳои судҳо бо системаи видеоконфронс ва дастгоҳҳои сабти овоз, инчунин фароҳам овардани тамошои онлайн ҷаласаҳои судӣ, ҷори кардани низоми электронии пешниҳоди шикоят ва даъво ба суд оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ пешбинӣ менамояд, ки корҳои анҷомдодашудаи дар боло зикршуда барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо шароитҳои воқеӣ фароҳам меоварад. Иқдоми дигар дар самти амалӣ намудани суди электронӣ ин омӯзишӣ таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои хориҷӣ мебошад. Бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзҳои 18-24 августи соли 2023 ҳайати намояндагони низоми судӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҷиҳати табодули таҷриба ва шиносоӣ ба фаъолияти кори низоми адлия ва адолати судӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари омӯзишӣ анҷом доданд. Сафари кории мазкур дар доираи дастгирии Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ “Таҳлили идоракунии молияи давлатӣ ва омӯзонидан дар соҳаи адолати судӣ барои Тоҷикистон” доир гашт.
Ҳангоми сафари кории мазкур рушди низоми судии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамкории он бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба сохтмони биноҳои нави судҳо ва таҷрибаи гузаштан ба суди электронӣ омӯхта шуд. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон дар давраи 15 соли ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ барои сифатан баланд бардоштани вазъи моддию техникии судҳо, бунёди биноҳои нави судҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, ворид намудани унсурҳои электронӣ ба коргузории судҳо ва ба ҳамин васила ҷорӣ намудани суди электронӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Дастовардҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ метавонад, барои истифода намудан аз таҷрибаи ин ниҳоди молявии байналмилалӣ барои ташаккули суди электронӣ дар Тоҷикистон манфиатовар бошад. Масъалаи дигаре, ки аз
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ин такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ мебошад, ки масъалаи мазкур ба фаъолияти электронии судҳо низ дахл дорад. “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд (Эмомалӣ Раҳмон).” Дар ин замина бояд масъалаҳое, ки аз фаъолияти электронии суд бармеоянд ва қонунгузории мурофиавӣ онҳоро ба танзим надаровардааст, ворид карда шаванд. Моро мебояд, ки ба суди электронӣ ҳамчун институти нави ҳуқуқи мурофиавӣ муносибат намоем ва мафҳуми суди электрониро бо унсурҳои таркибии он кушода диҳем. Дар ин раванд дар асоси масъалаҳое, ки ҳангоми фаъолияти судҳои электронии пилотии амалкунанда ба миён меоянд, инчунин дар асоси таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои дорои судӣ электронӣ талаботҳои истеҳсолоти мурофиаи судии электронӣ бо унсурҳои он бояд, ки коркард карда шуда, бо тартиби муқарраргардида ба кодексҳои мурофиавӣ ворид карда шаванд. Танҳо дар сурати мавҷуд будани механизмҳои ҳуқуқии суди электронӣ он метавонад барои ҷомеа самараовар бошад. Албатта мисли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гаштааст, масъалаи гузаштан ба суди электронӣ низ кори яксолаю дусола нест, балки ин раванди амалисозии як амали неки дурудароз аст. Чунончи, таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳодат медиҳад, гузаштан ба суди электронӣ муҳлати 20 солро дар бар гирифт. Дар муддати ин солҳо ба қавлӣ судяи суди аппелятсионии шаҳри Боку Гарагурбанли Рамин, ки номбурда ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаи якҷояи байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Бонки ҷаҳонӣ баромад намудааст, дар давоми 15 соли охир дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ 33 адад судҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон азнавсозӣ карда шуда, 100 адад толорҳои маҷлиси судӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва стандарти ягона муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бо вуҷуди имкониятҳои васеи молявӣ доштан, фаъолияти судҳои электронии ин кишвар, ба тақвият бахшидан ва мукаммалгардонии баъзе унсурҳои суди электронӣ эҳтиёҷ дорад. Дар адабиёти ҳуқуқии муосир суди электрониро ҳамчун унсури ҷомеаи электронӣ арзёбӣ менамоянд. Моҳиятан метавон дар бораи консепсияи нави шаҳрвандӣ ё «ҷомеаи шабакавӣ» ҳарф зад. Суди электронӣ ба институти ҳуқуқии махсус, ки ба иқтисоди рақамӣ шароитҳои муосири ҳуқуқиро таъмин менамояд, мансуб буда, гарави алоқаи зичи инкишофи иҷтимоӣ- иқтисодии давлат ва соҳаи адолати судӣ мебошад.
Дар адабиёти илмӣ баъзан суди электрониро яке аз самтҳои “демократияи электронӣ” низ меҳисобанд. Ин ҳам то як дараҷа асос дорад, зеро фазои шабакаҳои интернетиро имрӯз муносибатҳои мухталифи давлатӣ, ҷамъиятӣ, инфиродӣ ва ғайра фаро гирифтааст. Вале аз миёни ҳамаи ин ғояҳои электронӣ мо бояд бо ақлу ҳуши инсонӣ падидаҳои барои ҷомеа манфиатбахшро ихтиёр карда, тадбиқи онро роҳандозӣ намоем. Албатта суди электронӣ тавре ки дар боло қайд намудем механизмҳои худро дорад, ки онҳо аз ошкоро будани иттилоот; ҳамкории фосилавӣ; махзани дастраси карорҳои судӣ; гардиш ё муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо, эътирофи байналмилалии қарорҳои судӣ ва ѓайра иборат мебошад. Қайд намудан мумкин аст, ки суди электронӣ ба маротиб ва зиёда аз он вақти иштиркочиёни мурофиаи судиро ва дигар шахсони ба суд муроҷиаткунандаро сарфа менамояд. Акнун дар ин навъи истеҳсолоти судӣ шахс ба тариқи маҷозӣ метавонад ба суд ҳуҷҷатҳои хешро дар шакли электронӣ новобаста ба он ки дар куҷо қарор дорад, пешниҳод намояд, дар мурофиаи судӣ бо роҳи конференсияи видеоӣ иштирок намояд ва ё дигар ҳаракатҳои мурофиавиро аз ҳар як нуқтае, ки набошад, анҷом диҳад. Дар ҳама ҳолат судя ҳамчун барандаи ҳокимияти судӣ ва амаликунандаи адолати судӣ боқӣ мемонад ва нақши ў дар шакли электронии фаъолияти суд дучанд боло рафта, аз охирон доштани дониши баланди касбию техникиро талаб менамояд.
Аз ҷониби дигар суди электронӣ худ тақозо менамояд, ки судя дониши баланди касбӣ дошта бошад ва ҳамеша, баҳри баланд бардоштани таҷрибаи амалию назариявии хеш кушиш ба харҷ диҳад. Чунин шакли фаъолият аз судя талаб менамояд, ки бо масъулияти баланд ва омодагии ҳаматарафа мурофиаи судиро гузаронад, чунки қарори қабулнамуда ҳамзамон дар шабака паҳн гардида, мавриди таҳлил ва баҳогузории ҷомеа қарор мегирад. Суръати паҳншавии санади судӣ дар суди электронӣ аз суръати паҳншавӣ дар судӣ муқаррарӣ фарқ менамояд. Аз ин рў дар раванди гузаштан ба суди электронӣ масъалаи донишу малакаи баланди касбию техникӣ доштани судяҳо ва номзадҳо ба вазифаи судя ҳамчун унсури муҳим барои истеҳсолоти электронӣ ва сиёсати афзалиятнок дар интихоби кадрҳои низоми судӣ боқӣ мемонад. Таъкиду дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели ин гуфтаҳост. “Роҳбарони мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргадида омӯзанд ва ба вазифаи судя ҳуқуқшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд.” (Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016).
Хулоса суди электронӣ бо сарфи камтари вақти пурқимати шаҳрвандон ва тарафҳо ба дастрасии босуръати иттилоот, ҳимояи босуръати ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон бо риояи принсипҳои ошкоро будани мурофиаи судӣ, холисӣ ва беғаразӣ мусоидат менамояд.
Завқизода Солеҳ Амин-номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
