БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ СЕМИНАРИ ОМУЗИШӢ

Имрӯз, 28 феврали соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омузишӣ баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳои Суди Олӣ, инчунин, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 Аз рӯи нақшаи тасдиқшуда маърӯзачиён масъалаҳои мубрами амалияи судиро дар соҳаҳои ҳуқуқи мурофиаи маданӣ, инчунин, тартиб ва оқибатҳои бебаррасӣ монондани аризаҳои даъвогӣ, ғайр аз ин, таҷрибаи баррасии парвандаҳои оилавиро вобаста ба тартиби муайян кардани муошират бо фарзандон ва масъалаҳои хосӣ тартиб ва таҳия намудани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар баромадҳои худ, аз нигоҳи талаботҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ таҳлил намуданд.


                                 Рисунок2.jpgРисунок3.jpg

Зимни саволу ҷавоб ва музокираҳо судяҳо фикру андешаҳои худро ҷиҳати ҷорӣ намудани амалияи якхелаи татбиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо изҳор намуданд.


Рисунок4.jpg

Раиси Суди Олӣ дар фарҷоми кори семинар диққати судяҳоро вобаста саривақт ва бо риояи дақиқи меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, мудом назорат бурдани иҷроиши санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои ҷиддиро оид ба фаъолияти судҳо ҷалб намуд.

Рисунок5.jpg

Бозгашт ба рӯйхат