28 феврали 2025, дар бинои Суди Олии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Суди Олӣ Тағозода А.С. ва дигар шахсони масъули Суди Олӣ ҷиҳати вусъат додани раванди рақамикунонии мақомоти судӣ бо намояндагони БРСММ дар Тоҷикистон вохурии дуҷониба гузаронида шуд.
Зимни гуфтушунид паҳлуҳои афзалиятноки самти рақамикунонии низоми судӣ ва ворид намудани унсурҳои муосири коргузории электронӣ матраҳ гардиданд. Қайд гардид, ки такмил ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат, таъмини волоияти қонун ва адолат самтҳои муҳими рушд ва таҳкимдиҳии давлатдории мардуми тоҷик мебошад.

Боиси қайд аст, ки масъалаи ворид намудани унсурҳои электронӣ дар фаъолияти судҳо яке аз самтҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, зимни вохӯрӣ бо шарики рушд, тезонидани ин раванд муҳокима гардид.
Намояндагони БРСММ омодагии худро оид ба дастгирии ислоҳоти судӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми судии Тоҷикистон изҳор доштанд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
