28 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П., аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои низомӣ иштирок намуданд.
Дар қатори дигар масъалаҳои мубрам, дар маҷлис Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 муҳокима гардид.
Гуфта шуд, ки Барномаи мазкур барои фароҳам овардани шароит ва муҳайё намудани имконият барои ба касбомӯзию шуғл фаро гирифтани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда таҳия гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалисозии нишондодҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
