Санаи 28 феврали соли 2025, дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омузишӣ баргузор гардид. Дар кори чорабинии мазкур судяи Суди Олӣ Иброҳимзода Ш. С. ва кормандони судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Аз рӯи нақшаи тасдиқшуда маърӯзачиён дар мавзуҳои шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” инчунин, тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар судҳои ҷумҳурӣ, шарҳи моддаи 23 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаросарии синну соли ҷавобгарии ҷиноятӣ ва бекор карданӣ шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфарморо дар асоси моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Раискунандаи маҷлиси мазкур дар фарҷоми кори семинар вобаста ба саривақт ва босифат таҳия намудани протоколҳои маҷлиси судӣ, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиавӣ ба тарфҳо супоридани санадҳои судӣ, инчунин, муомилаи хуб дар муошират бо шаҳрвандонро ба кормандони дастгоҳи судҳо таъкид намуд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
