МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ҲАРҲАФТАИНА

Имрӯз, 3 марти соли 2025, дар Суди Олӣ ҷаласаи навбатии назоратӣ бо иштироки муовини якум Лутфуллозода Ш., муовинон, судяҳои Суди Олӣ ва кормандони дастгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҷлис, як қатор мушкилиҳои мавҷуда ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар кори маҷлис аз ҷониби роҳбарият масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, мунтазам гузаронидани шанбегиҳо ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории бинои нави Суди Олӣ, дуруст ба роҳ мондани кор дар бойгонии суд ва дигар раёсату шуъбаҳо дастурҳои лозима пешниҳод карда шуданд.
Инчунин, дар кори маҷлис ба котиби Пленуми Суди Олӣ пешниҳод карда шуд, ки барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё дар таҳрири нав қабул намудани қарорҳои тавзеҳотии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 25 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳисоби судяҳои Суди Олӣ ҳайати комиссияҳои таҳрирӣ ташкил карда шаванд.


Бозгашт ба рӯйхат