28 марти 2025, дар шаҳри Душанбе шахсони масъули Суди Олӣ, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони шарикони рушд Вазорати корҳои хорҷии Финландия ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон вобаста ба амалинамоии лоиҳаи ҳамкорӣ, вохӯрии судманд гузарониданд.
Дар рафти муколама паҳлуҳои афзалиятноки самти рақамикунонии низоми судӣ бо мақсади ворид намудани унсурҳои муосири коргузории электронӣ матраҳ гардиданд.
Қайд гарид, ки дар доираи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025-2030, масъалаи вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти судҳо, яке аз самтҳои асосии роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, зимни вохӯрӣ бо шарики рушд тезонидани ин раванд муҳокима гардид.
Инчунин, зикр карда шуд, ки рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо дар низоми судӣ доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, самти дигари авзалиятноки роҳбарияти Суди Олӣ ба ҳисоб рафта, дар самти амалигардонии ин иқдом омодагии дуҷониба изҳор гардид.
Дар фарҷоми музокирот иштирокдорони ҷаласа омодагии ҳаматарафаи худро оид ба ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ислоҳоти судӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми судии Тоҷикистон изҳор доштанд.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
