Санаи 16 апрели соли 2025, дар шаҳри Душанбе бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ мизи мудаввар вобаста ба масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маданӣ бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони МД “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”, намояндагони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд гардид, ки мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Инчунин, ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад. Вобаста ба амалигардонии меъёрҳои конститутсионии болозикр як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқи аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, № 610 “Дар бораи Тартиби пардохт ва андозаи ҳаққи хизмати адвокатҳо барои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа” қабул карда шудаанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми дастрасӣ ба адолат, ин ҳуқуқ ба гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ мебошад, ки ба қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла шахсоне, ки имкони пардохт кардани чунин хизматрасониро надоранд, кафолат дода шудааст.
Зимни муколама тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маданӣ аз ҷониби иштирокдорон баррасӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки ҳангоми ворид шудани дархости шахсоне, ки мувофиқи қонун ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқиро дорад, судяҳо ҷиҳати таъмин намудани иштироки ҳуқуқшиноси давлатӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маданӣ метавонанд ба Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами таъмин намудани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ва механизмҳои ҳамгироии низоми суди бо мақоми ваколатдор матраҳ гардиданд.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
