Имрӯз, 23 апрели соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, сабти барномаи телевизионии “Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Мавзӯи барномаи навбатии “Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқи оилавӣ — бекор кардани ақди никоҳ — бахшида шудааст. Дар раванди мурофиаи судии телевизионӣ, ки бо ҷалби судяи суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Наҷмудинзода О. баргузор гардид, баҳси оилавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар натиҷа қарори дахлдори судӣ қабул шуд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рисолати худ ба таври мунтазам барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа чорабиниҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ доир мекунад. Судяҳо бо истифода аз васоити ахбори омма — аз ҷумла телевизион, радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва платформаҳои интернетӣ — шаҳрвандонро бо санадҳои судӣ ва масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ шинос намуда, маводи ҳуқуқиро нашр мекунанд.
Барномаи телевизионии "Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дастрас аст дар саҳифаи расмии Суди Олӣ дар YouTube.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
