Имрӯз, 23 апрели соли 2025 дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо ва кормандони масъул дар Форуми байналмилалӣ оид ба мавзуи “Шакли электронии адолатӣ судӣ”, ки дар реҷаи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар кори форум директори маркази таълимии судяҳо муҳтарам Завқизода С.А. дар мавзуи “Ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилиҳо ва дурнамо” баромад намуданд.
Форуми мазкур дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии судҳои ИДМ баргузор гардида, дар кори он намояндагони судҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Белоруссия ва Тоҷикистон ширкат варзида, дар муҳокимаи масъалаҳои мубрами муосир аз ҷумла, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти судҳо, ташкили парвандаҳои судӣ дар шакли электронӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар низоми ҳуҷҷатгузории судӣ, ба роҳ мондани ҳамкории ҳуқуқии фаромиллӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ибрози ақида ва таклифу пешниҳодҳои ҷониб намуданд.
Ин форум дар самти рушди коргузории электрониии судӣ дар фазои кишварҳои ИДМ қадами муҳим гузошта, ба баланд бардоштани дастрасӣ ва самаранокии адолати судӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
