МУЛОҚОТИ ҲАЙАТИ СУДИ ОЛӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 23 апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ мулоқоти судманд миёни ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Агентӣ бо Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия шинос карда, самтҳои асосии он, аз ҷумла таҳкими механизми назорати дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва таъмини иштироки ҷомеа дар раванди зиддикоррупсионӣ муаррифӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар бораи аҳамияти ҳамкории мақомоти судӣ ва ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ, зарурати муборизаи муассир бо зуҳуроти манфии коррупсионӣ ва аҳамияти баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии кормандони суд изҳори назар намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат