Рӯзҳои 21 то 25 апрели соли ҷорӣ, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода М.Д. дар ҳайати гурӯҳи кори дар Федератсияи Россия қарор дошта, мақсади сафари мазкур аз табодули таҷрибаи мақомоти низоми адои ҷазои ҷиноятии Россия дар самти пробатсия мебошад.
Чорабинии мазкур дар доираи амалигардонии Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, равона шудааст.
Қобили қайд аст, ки намояндагони низоми судии кишвар дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пробатсия”, ки раванди мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ислоҳ намудани маҳкумшудагонро пешбиниӣ менамояд, фаъолона иштирок менамоянд.
Мақсади пробатсия аз таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, фароҳам овардани шароит
барои ислоҳ намудан ва азнавиҷтимоисозӣ, мутобиқсозии иҷтимоӣ, тавонбахшии иҷтимоӣ ва пешгирии содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои нав аз ҷониби шахсе, ки нисбат ба ӯ пробатсия татбиқ карда мешавад, иборат мебошад.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
