Рӯзи 25 апрели соли 2025, дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ бо иштироки судяи Суди Олӣ муҳтарам Мамадзода Х.Б., кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва ҳуқуқии кормандони низоми суд, такмили малакаҳои корӣ ва риояи талаботи қонунгузории амалкунанда доир карда шуд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда, дар рафти семинар маърӯзаҳо оид ба мавзӯъҳои зерин шунида шуданд:
- Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Баррасии ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” — иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
- Тартиби коргузории электронӣ дар судҳо;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»;
Ҳадафи асосии ин семинар мусоидат ба таҳкими низоми хизматрасонии судӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, ва татбиқи принсипҳои одобу муоширати дуруст дар муносибат бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
