Дар идомаи сафари корӣ, рӯзи 24 апрели соли 2025 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокдорони ҷаласаи бистуми раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи судии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз суди марҳилаи олии халқии шаҳри Шанхай боздид ба амал оварданд.
Дар доираи ин боздид, намояндагон бо фаъолияти суди мазкур, аз ҷумла бо намунаи таҷрибавии “Суди рақамӣ”, ки дар Шанхай амалӣ мегардад, шинос шуданд. Мақсад аз таъсис додани “Суди рақамӣ” дар ин марҳила, вусъат бахшидан ба раванди муосири рақамисозии адолати судӣ, таъмини шаффофият, суръат ва дастрасии бештари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба адолати судӣ мебошад. Иштирокчиён бо ҷараёни мурофиаҳои электронӣ, платформаҳои рақамии ҳалли баҳсҳо, истифодаи системаҳои автоматиконидашудаи таҳлили парвандаҳо ва дигар навовариҳои судии марбут ба ин низом шиносоӣ пайдо намуданд.
Ин боздид ҳамчун як қадами муҳим дар мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои судӣ миёни кишварҳои узви СҲШ арзёбӣ гардид. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти рақамисозии фаъолияти судӣ метавонад ҳамчун намунаи муфид барои рушди низоми судии кишварҳои минтақа истифода гардад.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
