20–21 майи соли 2025, бо ташаббуси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари кории судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ба якчанд қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ — баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ, пешгирии қонуншиканӣ дар муҳити хизматчиёни ҳарбӣ ва муаррифии тағйироти муҳим дар қонунгузории амалкунанда мебошад.

Дар доираи вохӯриҳо бо сарбозону афсарон, мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
● Тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷиноятҳои марбут ба истифодаи нодурусти қувваи барқ ва дигар ҳолатҳои хавфнок дахл доранд;
● Пешгирии содиршавии ҷиноятҳо дар муҳити хизматчиёни ҳарбӣ, бо таъкид ба масъулияти шахсӣ ва интизоми хизматӣ;
● Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо", ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сабукии шаҳрвандон аз хароҷоти зиёдатӣ равона шудааст;
● Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи солим ва адолатпарвар ба ҳисоб меравад.



Судяҳо ва намояндагони Коллегияи ҳарбӣ дар ҷараёни вохӯриҳо ба саволҳои сарбозону афсарон посухҳои мушаххас ва ҳуқуқӣ доданд. Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳоро идома мебахшад, то ки дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ҳисси эҳтиром ба қонун ва адолати судӣ тақвият ёбад.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
