21 майи соли 2025, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии дуҷониба бо иштироки муовини Раиси Суди Олӣ Тағозода А.С. ва масъулони дигари суд бо хонум Нана Гибрадзе, мушовири мустақили Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) оид ба арзёбии барномаҳо дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи вохӯрӣ — баррасии роҳҳои вусъат бахшидани раванди рақамикунонии фаъолияти судҳо ва ҷорӣ намудани унсурҳои муосири коргузории электронӣ дар низоми судии кишвар буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба афзалиятҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои БРСММ табодули афкор намуданд. Таъкид гардид, ки такмили инфрасохтори рақамии судҳо, баланд бардоштани шаффофият ва дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ, инчунин таҳкими волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз самтҳои муҳими ислоҳоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Суди Олӣ омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо БРСММ ва дигар шарикони байналмилалӣ дар самти рақамикунонии низоми судӣ иброз дошт.


.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
