МУЛОҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Имрӯз, 22 майи 2025 Мулоқоти байналмилалии дар реҷаи маҷозӣ оид ба муҳокимаи самтҳои муҳимми рушди қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ дар низомҳои гуногуни ҳуқуқӣ баргузор гардид. Дар кори видеоконфронс судяи Суди Олӣ Ғуломзода И.Ш. иштирок намуд.

AirBrush_20250522121526.jpg

Таваҷҷуҳи махсус ба масоили ҳамоҳангсозии равишҳо, мубодилаи таҷрибаи пешрафта, инчунин таҳияи тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории миллӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дода шуд.
Мизи гирд дар доираи татбиқи Нақшаи ҳамкории муштараки Консорсиуми ташкилотҳои кишварҳои наздик ва дур, ки ба тайёр кардани судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ, бозомӯзии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси онҳо машғуланд, барои соли 2025 пешбинӣ шудааст.


Бозгашт ба рӯйхат