Имрӯз, 22 майи соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Суди Олӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши сатҳи баланди корӣ доир ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия баргузор гардид.
Мавзӯи асосии ҳамоишро баррасии ҷараёни худбаҳодиҳии даври дуюми шарҳи татбиқи бобҳои 2 («Чораҳои пешгирикунанда») ва 5 («Криминализатсия ва татбиқ») Конвенсия дар қонунгузории миллӣ ташкил дод.
Чорабинӣ бо ҳадафи таҳкими меъёрҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамзамон мутобиқсозии қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсияи зикршуда роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокдорони фаъоли мақомоти судӣ ва зиддикоррупсионӣ масъалаҳои муҳими марбут ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, методологияи худбаҳодиҳӣ, таҷрибаи кишварҳои дигар, инчунин нақши судҳо дар татбиқи самараноки Конвенсияро мавриди таҳлил ва баррасии муфассал қарор доданд.
Ҳамзамон, намояндагони мақомоти зикршуда дар бораи раванди иҷрои тавсияҳои даври аввал, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар фаъолияти давлатӣ ибрози назар карданд.
Ин ҳамоиш дар заминаи сиёсати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи беамон бо падидаи коррупсия ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ, инчунин ҷалби таҷриба ва стандартҳои байналмилалӣ баргузор гардида, яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи таъмини волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.


.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
