КОНФЕРЕНСИЯИ СУДЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 20 ноябри соли 2019 Конференсияи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар Конференсия судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судҳои иқтисодии вилоятӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Конференсияро Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» – Раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намудандIMG_7014.JPG.
Сипас, тибқи рӯзнома фаъолияти якчанд нафар аъзои Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда, ба ҳайати Коллегияи тахассусӣ аъзои нав интихоб карда шуданд.
Дар Конференсия Директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шоҳзода Исроил бо маърӯза баромад намуда, дар бораи фаъолияти Созмон дар давраи соли 2019 маълумот пешниҳод намуд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии судяҳо буда, бо мақсади ҳимоя ва амалӣ гардонидани ҳуқуқу манфиатҳои судяҳо таъсис дода шудааст.
Қайд карда шуд, ки дар соли равон аз ҷониби Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои ташкилӣ амалӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони биноҳои нави Суди Олӣ ва як қатор судҳои шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид ва сохтмони бинои суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шудааст. IMG_7029.JPG
Дар доираи имкониятҳои молиявӣ аз ҳисоби Созмони судяҳо ба баъзе аз судяҳо ва оилаҳои онҳо ёрии моддӣ расонида шуд.
Ҷамъомадро бо сухани хотимавӣ Раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ҷамъбаст намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат