СУЛҲУ ВАҲДАТ — ПОЯИ БАҚОИ МИЛЛАТ

Дар тӯли таърихи инсоният, ҳар миллате, ки роҳҳои пурпечутоби таърихиро паси сар кардааст, барои ноил шудан ба суботи сиёсӣ ва ягонагии миллӣ ба шахсияте ниёз доштааст, ки бо хирад, ҷасорат ва муҳаббати самимӣ ба Ватан ва мардум тавонад самти дурусти ҳаракатро нишон диҳад. Барои мардуми тоҷик низ чунин раҳнамо дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихӣ зоҳир гардид. Ин шахсияти барҷаста, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мебошанд.
Солҳои аввали даҳсолаи навадум, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба сафи давлатҳои соҳибистиқлол пайваст. Мутаассифона, ин истиқлолият ба сабаби омилҳои дохилӣ ва берунӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ ҳамзамон омад. Талоши гурӯҳҳои сиёсӣ барои ҳокимият, дахолати манфиатҳои хориҷӣ ва набуди тафоҳум кишварро ба буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ гирифтор намуд. Дар ҳамин вазъияти буҳронӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси фидоӣ ва фарзанди воқеии миллат ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуданд.
Бо вуҷуди камтаҷрибагӣ дар арсаи давлатӣ ва ҷавонии синнӣ, Пешвои миллат масъулияти бузурги роҳбарии кишварро бар дӯш гирифтанд. Дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Аз ҳамон лаҳза равандҳои музокирот, таъмини сулҳ ва эҳёи ваҳдати миллӣ оғоз ёфтанд.
Ҷанги шаҳрвандии шадид на танҳо боиси талафоти ҷонӣ гардид, балки низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишварро вайрон сохт. Мардум аз таҳсилу хизматрасониҳои тиббӣ маҳрум шуданд, садҳо ҳазор нафар тарки Ватан карданд, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд. Дар чунин шароити сангин, Пешвои миллат бо дарки масъулияти таърихӣ ва эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ба роҳбарии миллат камар бастанд.
Сипас, дар натиҷаи музокироти тулонӣ ва талошҳои дипломатии пайгирона, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Ин рӯйдод нуқтаи аввали марҳилаи нави таърихии Тоҷикистон гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун намунаи беназири ҳаллу фасли осоиштаи низоъҳои дохилӣ пазируфт.
Пас аз истиқрори сулҳ, Пешвои миллат пайваста таъкид доштанд, ки сулҳу субот неъмати олӣ ва шарти асосии рушди давлатдорӣ мебошад. Бо раҳнамоии оқилонаи Эмомалӣ Раҳмон, кишвар аз вартаи буҳрон раҳо ёфт ва ба марҳилаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ворид шуд. Бо ташаббусҳои стратегӣ, Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бунёди инфрасохтори муосир ноил гардид.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба рушди соҳаҳои маориф ва фарҳанг аҳамияти аввалиндараҷа доданд. Дар маркази сиёсати давлатӣ — тарбияи насли худогоҳ ва ватандӯст қарор гирифт, ки омили муҳими пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо чолишҳои ҷиддии амниятӣ, ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯст, таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад ҳамчун намунаи барҷастаи сиёсатмадории инсонгаро ва хирадгаро мавриди омӯзиш қарор гирад. Пешвои миллат дар минбарҳои байналмилалӣ пайваста аз зарурати сулҳи пойдор ва таҳкими ҳамкорӣ байни халқҳо ҳарф мезананд ва нақши Тоҷикистонро дар ин раванд ба таври назаррас нишон додаанд.
Хулоса, ваҳдати миллӣ танҳо арзиши таърихӣ нест, балки пояи асосии давлатдорӣ ва оромии иҷтимоӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ҳифзу густариши ин арзиши муқаддас масъулиятшинос бошад. Зеро, сулҳу субот ва ваҳдат на танҳо самараи сиёсати давлат, балки натиҷаи ҳамфикриву ҳамдилии халқ низ ҳаст. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ин арзишҳоро бояд бо дилу ҷон нигоҳ дошт, зеро ба осонӣ ба даст наомадаанд.
Насли имрӯзу фардо вазифадор аст, ки дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва гиромидошти сулҳу ваҳдат парвариш ёбад ва ин мероси бебаҳоро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда ба сифати дастоварди муқаддас интиқол диҳад.

Азиззода Тоҷинисо

Ёрдамчии судяи Суди Олӣ




Бозгашт ба рӯйхат