Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ

5-5.jpgДодозода А.М.

Сардори раёсати ташкили

кори судҳои Суди Олӣ


27-уми июни соли 2025 мардуми сарбаланду тамаддунофари Тоҷикистон 28-солагии ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд.

       Ин санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар қалби мардуми мо маскан гирифта, ба рӯйдоди азизу гиромӣ табдил ёфт. Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар як фарди покдилу некхоҳи мамлакат бер боз интизор буд.

        Ваҳдати миллӣ–ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди ватандӯст мебошад. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад.

        Чи тавре маълум аст, баробари ба даст овардани истиқлолият мардуми мо ба гирдоби мухолифату низоъҳои дохилӣ ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва кор то ба ҷое расид, ки масъалаи ҳастии миллату давлати Тоҷикистон зери хатар қарор гирифт. Хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти бисёр талху даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

        Вазнинтарин талафоти мо дар он рӯзҳо ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор шаҳрвандонамон буд, ки дар натиҷа ҳазорон нафар модарону занон аз фарзандону шавҳарони худ ва даҳҳо ҳазор кӯдакон аз падару модар, яъне парастори худ маҳрум шуданд.

        Бар асари воқеаҳои мудҳиши он рӯзҳо як миллион нафар шаҳрвандони мо гуреза шуданд, иқтисодиёти кишвар пурра хароб гардида, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, ҳазорон мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сӯхта валангор шуданд ва хисороти моддӣ аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ гузашт. Ба сари мардуми кишвар бори гарони ғаму андуҳ, тарсу ҳарос ва ноумедӣ аз фардои зиндагӣ бор гардид.

       Дар чунин шароити ниҳоят сангину фоҷиабор ягона воситаи аз вартаи парокандагӣ ва маҳвшавӣ наҷот додани миллату давлат, ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ, ба ҳамдигарфаҳмиву ризоият даъват кардани мардум, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои Ваҳдати миллӣ буд. Зеро бе давлати миллии сохибистиқлол тамоми орзуву омоли таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

        Ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ба таври воқеӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ оғоз кард. Пайрезии ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз замоне ибтидо мегирад, ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин анҷуман бо қатъият ва имону эътиқоди комил гуфта буданд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”.

         Бо анҷоми кори Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди музокироти сулҳ оғоз намуд.

         Бар асоси тасмимгириҳои Сардори давлат дар нимаи аввали соли 1993 масъалаи ба ҳам овардани неруҳои музокироти сулҳи тоҷикон оғоз шуд, ки ҳадафаш асосан ба панҷ мақсади муҳим равона карда шуда буд: 1. қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар; 2. бозгардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист; 3. барқарор сохтани ҳазорҳо манзили харобгашта; 4. пешгирии раванди таназзули иқтисодиёт; 5. ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди Тоҷикистон.

         Давраи аввали музокироти тоҷикон дар шаҳри Москва аз 5 то 19 апрели соли 1994 ҷараён гирифт. Баъдан ҷонибҳо 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул мулоқот барпо намуданд. Натиҷаи ин мулоқот қабули изҳороти муштарак буд, ки эътимоди тарафҳоро дар ҳосили матлаб тақвият бахшид. Вохӯриҳои минбаъда дар сатҳи олӣ 19 июли соли 1995 дар Теҳрон, 10-11 декабри соли 1996 дар Афғонистон, 19-23 декабри ҳамон сол дар Москва, 21-22 феврал ва 16-18 майи соли 1997 дар шаҳрҳои Машҳад ва Бишкек доир гардиданд.

        Дар умум музокиротҳо муддати 40 моҳ давом карда, 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ баргузор гардиданд.

        Ниҳоят, бо баргузории чандин мулоқоту суҳбатҳо ва музокироти пайваста раванди сулҳи тоҷикон бо имзои санади таърихии “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба фарҷом расид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид.

       Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳаммияти Созишномаи сулҳ қайд намудаанд: “қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд”.

        Таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун мадели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид ва мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

       Оромиву амнияте, ки аз баракати ин Созишнома ба вуҷуд омад, барои бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт, тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон пояҳои мустаҳкам гузошт.

       Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат аввалин барномаҳои барқарорсозии баъд аз низо охири соли 1997 қабул гардида, ба таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида шурӯъ карда шуд.

        Сипас тамоми саъю талошҳо ба иҷрои вазифаҳои тибқи 4 ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда сафарбар карда шуд. Инҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

       Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 28 соли Ваҳдати миллӣ ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст.

       Ба расмият шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 180 давлати ҷаҳон, ифтитоҳи сафоратхонаҳои чандин кишварҳои дунё дар пойтахти Тоҷикистон ва дар мамолики ҷаҳон таъсис ёфтани намояндагиҳои дипломативу тиҷоратии давлати мо, раванди ин муносибатҳоро вусъат ва суръати бесобиқа бахшид. Ҳамаи ин падидаҳои барҷаста, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба даст омад, дар низоми равобити дипломатии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати “дарҳои кушода” унвон гирифта, миёни Тоҷикистон ва ҷомеаи башарӣ пайвандҳои тоза ба тоза эҷод карда, дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи ибратомӯзи давлатдорӣ муаррифӣ намуд. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд касб намуда, сабақи судманди таърихии онро дар амнияти минтақаҳои мухталиф арзишманд гардонид.

       Фарҳанги сулҳи Пешвои миллат, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтироми ҷаҳонӣ овард.

       Истиқрори сулҳу созгории миллӣ, тантанаи ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон яке аз хизматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллӣ мебошад, ки талошҳои тоҷиконро дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд амалӣ намуд.

       Бори дигар ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, ба хонадону зиндагиашон тинҷиву оромӣ, ба кору пайкорашон пешравию барор орзумандем.

         Бигзор сулҳу суботи комили Тоҷикистони азиз ҳамеша пойдор ва ба сари халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат ҳемеша саломату сарбаланд бошанд.


Бозгашт ба рӯйхат