КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 28 - СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Имрӯз, 24 июни соли 2025 дар Суди Олӣ бахшида ба ҷашни 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид.

Polish_20250624_110940440.jpg

Дар чорабинии мазкур Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, иштирок намуда, дар мавзӯҳои «Нақши Пешвои миллат дар расидан ба Ваҳдати миллӣ; Мушкилиҳо ва бурдбориҳои миллати тоҷик дар ин марҳилаи таърихӣ», «Таҳкими Ваҳдати миллӣ пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ» ва «Ваҳдати миллӣ — пояи сулҳ» бо руҳияи ифтихор ва қаноатмандӣ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баромадҳо намуданд.

Polish_20250624_103347342.jpgPolish_20250624_105740940.jpgPolish_20250624_110320220.jpg

Қайд гардид, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳи Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафҳои даргир ба мусолиҳаи миллӣ омаданд. Баъди чандин даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони ҳокимияти конститутсионӣ ва мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ғайра баргузор шуданд, дар охир 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Сулҳ ва эҳёи Ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонист. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии он кас боис шуд, ки моҷароҷӯи ва нофаҳмиҳо дар кишварамон аз байн рафта, айни ҳол амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин гардидаст.

Polish_20250624_102946452.jpg

Таъкид гардид, ки дар навбати худ судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳурӣ аз ин дастовардҳои Ваҳдати миллӣ фараҳманд шуда, дар пешравиҳову ободкориҳои Ватани азиз дар канор наистода, баҳри иҷрои вазифаҳои пурмасъул ва бошарафи баамалбарории адолати судӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва ӯҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми малакаву дониши касбии худро истифода намуда, бо дасту дилу нияти пок, софдилона ва аз рӯи виҷдон фаъолияти худро амалӣ намомянд.

Polish_20250624_102658446.jpg

Ҳамзамон, судҳои ҷумҳурӣ дар баробари дигар мақомотҳои қудратии мамалакат дар таъмини сулҳу субот, ободкорию созандагии Ватани маҳбубамон фаъолият намуда, дар баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ нақши муассир доранд.


Бозгашт ба рӯйхат