ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОЯНДАИ ДУРАХШОНРО КАФОЛАТ МЕДИҲАД

Ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун як падидаи нодири таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки нақши бузург ва сарнавиштсоз дар наҷоти миллат ва таҳкими пояҳои давлатдории навин бозидааст. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, Роҳбари давлат тавонист мардуми пароканда ва ҷангзадаи тоҷикро дубора сарҷамъ намояд ва роҳи осоиштаву рушднокро интихоб кунад. Барои ҳар як давлати миллӣ, ягонагии халқ ва суботи сиёсӣ омили муҳим ва асосии бақои он ба шумор меравад. Агар давлате ба арзишҳои ваҳдат ва ҳамгироӣ арҷ намонад, он бешак ба бесарусомонӣ ва нобудӣ рӯ ба рӯ мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ҳамчун замина ва сутуни асосии истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ эътироф шудааст.

Маълум аст, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, кишвари мо ба нооромии шадиди сиёсӣ дучор гардида, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии харобиовар гирифтор шуд. Мухолифатҳои дохилӣ ҳазорҳо шаҳрвандонро маҷбур сохтанд, ки Ватанро тарк намуда, дар кишварҳои дигар паноҳ баранд. Танҳо дар солҳои 1992–1993 шумораи гурезагону муҳоҷирони иҷборӣ ба беш аз 900 ҳазор нафар расид. Ин нишондиҳандаи фоҷеаи бузург ва шикасти муваққатии низоми ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он рӯзҳо дар остонаи нобудӣ қарор дошт ва агар тадбирҳои фаврӣ андешида намешуданд, эҳтимол дошт, ки давлат аз харитаи сиёсӣ маҳв гардад.

Дар ҳамин шароити душвор Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки воқеан рӯйдоди таърихӣ ва наҷотбахш ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардид. Ӯ бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ роҳеро пеш гирифт, ки ҳадафи асосии он хотима бахшидан ба ҷанг ва таъмин намудани сулҳи воқеӣ, инчунин барқарории давлатдории устувор буд. Аввалин сухане, ки ӯ ба ҳайси сарвари давлат ба мардум изҳор намуд, чунин буд: «Ман омода ҳастам, ки барои сулҳи Тоҷикистон ҷони худро фидо кунам.» Ин сухан ҳамчун рамзи муҳаббат ба Ватан ва ваъдаи барқарории оромӣ дар қалби ҳазорҳо шаҳрванд умед ба ояндаро бедор кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ирода ва дурандешии худ ин масъулияти таърихиро то ба анҷом расонд. Натиҷаи ниҳоии ин раванд 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ҷамъбаст гардид.

Аз он замон Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ — сулҳ, созандагӣ ва иттиҳоди миллӣ ворид гардид. То имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беназир барои ҳалли моҷароҳои дохилӣ дар арсаи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор дорад. Бо шарофати ин сулҳ, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари амн ва суботнок, ки бо беш аз 150 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор намудааст. Истиқлоли давлатии тоҷикон маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, минбаъд низ рушд хоҳад кард.

Ваҳдати миллӣ – ифодакунандаи якпорчагии миллат, шинохти арзишҳои миллӣ ва кафолати ояндаи равшани давлат ба ҳисоб меравад. Дар замони имрӯза, ки таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва равандҳои ифротӣ фазои сиёсии минтақаро ноором мекунанд, ҳифзи ваҳдати миллӣ рисолати муқаддаси ҳар як шахси ватандӯст мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо ба талошҳои шахсии Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иродаи халқи тоҷик ва сабақҳои таърихие, ки аз рӯзҳои сахту сангин гирифта шудаанд, вобастаанд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дошта бошад, то сулҳу оромӣ, ваҳдат ва арзишҳои истиқлолиятро ҳифз намояд ва барои ояндаи ободу шукуфо саҳми арзандаи худро гузорад. Ваҳдат неъмати бебаҳо ва дастоварди бузургест, ки танҳо бо фидокорӣ, хирад ва муҳаббати миллӣ ба даст омада, сазовори қадршиносӣ мебошад.

Дар замоне, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон оташи ҷангҳо фурӯзон аст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд мувофиқи гуфтаҳои Роҳбари давлат амал намояд, то сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ чун арзишҳои олӣ ҳифз гарданд ва барои ояндаи ободу шукуфо саҳми худро гузорад.

Изображение WhatsApp 2025-06-24 в 17.07.48_386349b6.jpg

Дилшод Ҳакимзода,
муовини якуми раиси Суди ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе


Бозгашт ба рӯйхат